Имзои санади ҳамкорӣ байни МОИ «Кӯлоб» ва «Korean Smart Technology Association»

Байни Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва Ассотсиатсияи «Korean Smart Technology  Association»-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Интизор меравад, ки дар заминаи санади мазкур ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сармояи кореягӣ ҷиҳати ташкили технопарки муосир ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои сохтмон, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҷалб карда шавад.

Тавре  АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, санади мазкур дар ҷараёни вохӯрии роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва «Данғара» бо ҳайати сармоягузорону соҳибкорони Ҷумҳурии Корея, ки дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир гардид, ба имзо расонида шуд.  Ҳадафи вохӯрӣ  тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни бахши хусусии ду давлат, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самт мебошад.

Аз ҷониби масъулини Кумита ба иштирокчиёни ҷаласа рӯнамо оид ба имконоти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорону сармоягузорони Корея пешниҳод карда шуд. Инчунин аз сӯи маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва «Данғара» имконияти сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории онҳо муаррифӣ гардида, аз ҷониби кореягӣ барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *