Андешаи сокинон оид ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯзҳо сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон шукргузори аз сулҳу оромӣ намуда, бо ҳисси баланди меҳру муҳаббат фикру ақидаҳои худро нисбат ба корҳои анҷомдодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои милллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи воситаҳои ахбори оммаи кишвар баён намуда истодаанд.

Миллати соҳибтамаддуни тоҷик аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, бо шарофати заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодию сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва техникиву истеҳсолии мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Роҷеъ ба заҳматҳои Пешвои миллат, ки аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон маълум буд, мо бо чанде аз сокинони рӯзгордидаи шаҳри Душанбе ҳамсуҳбат шудем. Яке аз ҳамсуҳбатони мо, ки синну солаш ба 90 расидааст Ҳалим Аламов мебошад. Номбурда зимни суҳбат аз нооромиҳое, ки дар кишвар ба вуқуъ омада буд ёдовар шуда, доир ба  корномаҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: “ Барои миллатамон бахти баланд  муясарамон шуд, ки Ҷаноби олӣ роҳбари давлат интихоб гардиданд. Натиҷаи он  тинҷию оромӣ ва сулҳу салоҳ дар мамлакат аст. Худои мутаол дар болои  сараш соябон шавад ва Президент дар болои сари сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон соябон бошад ”.

Таърих гувоҳ аст, ки Сарвари давлат далеронаю шуҷоатмандона ба нооромии вазъи сиёсӣ ва дигар қатлу кушторҳои он замон нигоҳ накарда, аз баҳри ҷони худ гузар намуда, баҳри барқарор намудани давлати ягона ва фароҳам овардани шароити буду боши сокинон ба як чанд давлатҳои хориҷа аз ҷумла ба давлати Афғонистон сафар намуд, ки ин яке аз қаҳрамониҳои Пешвои миллат мебошад. Мегуяд сокини шаҳри Душанбе Маҳмадшо Саодатов: “ Фарзанди баруманди миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарияшон барои сарҷамъии миллат меҳанти зиёд карданд ва ин амалро идома дода истодаанд. Ин хислатҳои неки Пешвои миллат ҳамавақт буд ва ҳамавақт ҳаст ва мо тарафдори он ҳастем. Фахри дигари мо ин аст, ки Пешвои миллат 500 – умин мусулмони рӯйи дунё мебошанд“.

Хушбахтона, бо заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ин сарзамин озодию истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омад. Ва он имрӯз ба биҳишти рӯи замин табдил ётааст.

Маврид ба зикр аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як вохӯриву суханрониҳояшон махсусан ба ҷавонони кишвар таъкид менамоянд, ки “Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлол ва Ваҳдати миллиро омӯзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаю ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта варақгардон кунанд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд”.  Бо дарки ҳамин нуктаҳо метавон гуфт, ки мо бояд дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо бо донишу хиради азалӣ ва созандагию бунёдкоронаи худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем ва парчамбардори кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол  бошем.

Нуралӣ Давлат

радиои “Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *