Барфи аввал дар Душанбе (cурат)

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе вазъи обу ҳаво як якбора дигар шуд ва дар ин давра барфи аввалин борид. Ҳоло ҳамаҷои шаҳр қабои сафед ба бар намудааст. Тавре аз Агентии обу ҳавошиноии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои “Тоҷикистон” хабар доданд. Боришоти барф дар ҳудуди шаҳри Душанбе то дер идома пайдо мекунад.

Ба таъкиди манбаъ, шабонарӯзи наздик ҳаво дар ҷумҳурӣ ноустувор боқӣ монда, боришот дар водиҳо асосан дар намуди барф ва борон пешгуӣ карда мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо ба истиснои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд боришоти борону барф бошиддат дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон пуршидат ба амал меояд. Рӯзҳои 14 ва 15 ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаромадани туман пешгуӣ карда мешавад. Шабонарӯзи надик бо сабаби ба амал омадани боришоти шиддатнок дар ноҳияҳои куҳӣ ва доманакуҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон ба вуҷуд омадани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Дар зер суратгузориши Нуралӣ Давлат, хабарнигори радиои “Тоҷикистон” пешкаш мегардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *