Баргузории ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар Душанбе

Имрӯз дар саҳни бинои Муасисаи  «Сирки давлатии Тоҷикистон»,  ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ  ва вазифаҳои озод баргузор гардид

Ярмаркаи мазкур аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои тобеъи он, дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ҳудуди шахри Душанбе фаъолият доранд ва бо иштироки Раёсати кор бо ҷавонони  шаҳри Душанбе,  марказҳои таълимии  системаи Агентии мазкур ва маркази ҷумҳуриявии раҳнамои касбӣ  гузаронида шуд.

Дар чорабинии имрӯза аз ҷониби 61 ташкилоту муассисае, ки иштирок доштанд зиёда аз 3060 ҷойи нави корӣ  ва вазифаҳои озод пешниҳод гардид. Тавре муовини сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе Субҳонниддин Авазов ба радиои “Тоҷикистон” иттилоъ дод, музди миёнаи меҳнат 780 сомонӣ буда,   аксари ҷойҳои навӣ корӣ  ва вазифаи озод бештар аз ҷониби масъулини ба соҳаи саноат, сохтмон, савдо, тандурустӣ ва маориф пешниҳод шудаанд. Дар умум дар ярмаркаи ҷойҳои нави  корӣ  ва вазифаҳои озод ба 36 нафар шаҳрванд барои бо ҷойи кор таъмин шудан  роҳхат дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар давоми соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе 30 ярмаки ҷойҳои кори холӣ ва вазифаи озод ташкил карда шуд, ки тавассути он 590 шаҳрвандони бекор бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.

                                    Гулрӯ Ниёзова

радиои Тоҷикистон

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *