Роғун: Чораҳо ба хотири боло бурдани фарҳанги истифодабарии неруи барқ

Боиси қаноатмандии сокинони кишвар аст, ки ҳукумати мамлакат бо истифода аз имконоти пайдошуда тайи чанд соли охир барои аҳолӣ маҳдудияти барқро барҳам дод ва инак   мардуми  Тоҷикистон  тайи ин муддат тирамоҳу зимистон чун дигар фаслҳои сол  пурра бо барқ таъмин мебошанд.

Ин тадбири   роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ҳамагонро  водор месозад, ки    бобати истифодаи нерӯи барқ сарфаю сариштакор бошанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Зеро сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти мунтазаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ боис  мегардад.

Дар шаҳри Роғун ҳам, сокинон кушиш  бар он мекунанд, ки   неруи барқ сарфакорона   ва босамар  истифода гардад.  Тавре   аз суҳбат бо  бархе аз сокинони  шаҳр маълум гардид, онҳо ҳамаҷониба мекушанд, ки   истифодаи  босамари барқ дар  ташкилоту  муассиса ва  ҳар  хонадони  мардум  риоя гардад.

Омӯзгор Ҳикматулло  Акрамов  низ босамар истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашударо  масъулияти   ҳар сокини мамлакат мешуморад.  У дар ин замина афзуд: Мо омӯзгорон ба хубӣ дарк мекунем, ҷорӣ нагардидани   реҷаи таъмини мардум бо қувваи барқ   гувоҳ аз ғамхориҳои бевоситаи  сарвари давлатамон  бо сокинони кишвар  ҳисоб меёбад. Ҷорӣ нашудани  реҷа имкон медиҳад, ки  бисёр мушкилиҳои мардум сари вақт ҳалли худро ёбад.   Мо фаромӯш накардаем, ки чанд сол пештар 6-7 моҳ ҳаррӯз ҳамагӣ чанд соат нерӯи барқ мегирифтему халос. Вазъият  бахусус дар ноҳияву деҳоти  кӯҳистон хеле вазнин буд, ҳатто дар  баъзе минтақаҳо то чанд рӯз нерӯи барқ қатъ мешуд. Шукр, ки имрӯзҳо маҳз бо шарофати талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон пайдо гардид, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон ба иҷро расад ва акнун моро зарур аст, ки миёни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаи барқ ва сари вақт супоридани маблағи истифодаи он  корҳои фаҳмондадиҳиро баробари дигар масъулон суръат бахшем”.

Бонувони шаҳри Роғун  низ  хеле хурсанд аз онанд, ки барқ дар хонадони онҳо доимист аз ин хотир  бояд ба  қадри он расидаву дар рӯзгорашон  босамар истифода намоянд. Тавре сокини шаҳр Ҳусния Сафарова гуфт: “Таъмини доимии нерӯи барқ ҳамаи мо занони шаҳри Роғунро хеле шод гардонд. Бисёр вақт лозим мешуд, ба хотири сари вақт тайёр кардани хуроку анҷоми дигар корҳои рӯзгор моро зарур буд, ки оташ афрӯзему чи қадар  вақти худро сарфи он намоем, Акнун  таъмини доимии барқ  ба мо имкон медиҳад, ки пайи дигар корҳои худ бошем. Барои ин аз Президенти мамлакат  бисёр ҳам миннатдорем. Хусусан мо занон кушиш менамоем, ки  барқ дар оилаамон сарфакорона   истифода гардаду сари вақт  маблағи онро супорем. Агар мо бонувони хона ин ду масъаларо  риоя  кунем, барқ дар манзили  ҳар кадомамон бе мушкилӣ хоҳад буд”.

Воқеан ҳам қаноатмандии мардум сари ин масъала гувоҳ аз пешрафти кишвар, сулҳу субот ва оромии он аст.   Акнун моро лозим аст, ки атрофи     давлату ҳукумати кишвар  боз ҳам қавӣ гардида, баҳри  перафти  он камари ҳиммат бандем.

Нуралӣ Давлат,  Низомиддин Шамсиён

 радиои “Тоҷикистон”

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *