Андешаи хос: Дар кишти гандум набояд саҳлангор буд

Банда иқтисодшинос нестам, аммо дар робита ба масъалаи мавҷудаи имрўза – болоравии нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои кишвар ва дар асоси воқеиятҳо мехоҳам назари худро ба таври кўтоҳ иброз намоям.

Мусаллам аст, ки ҳар маводе, ки дастрас намудани он барои мардум гарон меафтад, воридотӣ аст. Имрўз ба таври ғайричашмдошт арзиши шакар, равған ва орд, ки тибқи иттилои муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашўрбой Солеҳзода дарсади бештари ин се навъи маводи хўрока аз хориҷи кишвар ворид мегардад, баланд гардид. Роҷеъ ба истеҳсоли равғану шакар чизе намегўям, зеро барои коркарди он дар дохили кишвар техникаву технологияи нав зарур аст. Танҳо бо тасмими Ҳукумати кишвар истеҳсоли инҳоро дар дохил метавон ҷоннок намуд. Аммо вақте нархи орд дар бозори дохилии мо баланд мешавад, воқеан ҷойи нигаронӣ дорад. Нигаронӣ аз он сабаб, ки дар мавсими киштукори баҳорӣ аксари кишоварзони мо дар кишти гандум саҳлангорӣ мекунанд: ё саривақт кишт намекунанд ё дар додани ғизо тавассути нерўҳои минералӣ бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Ин аст, ки билохира аз гандуми кошта ҳосили хуб ба даст намеояд.

Бештари деҳқонони мо ба хотири коҳ ғалладона кишт мекунанд, то чорвои онҳо дар фасли зимистон бидуни хўрок намонад. Дар таъмини солонаи орд танҳо ба муҳоҷирон умед мебанданд, ки бо маблағи ирсолменамудаи онҳо аз бозор онро дастрас менамоянд. Ин аст, ки таъмини сартосарии ин навъи маводи ғизоӣ аз истеҳсолоти дохилӣ имконнопазир мегардад ва воридоти он аз хориҷи кишвар бештар мешавад. Дар ин ҳолат инони нарх дар дасти истеҳсолкунанда қарор мегирад: хоҳад арзиши онро баланд мебардорад, нахоҳад, не! Кишоварзони мо бояд инро дарк намоянд, ки бо соҳиб шудани қитъаи замини кишоварзӣ масъулияти онҳо дар назди аҳолӣ бештар мешавад, яъне, таъмини фаровонии бозор, ки мутаассифона на ҳар деҳқон инро дарк менамояд. Ҳар маводи ғизоие, ки имкони истеҳсоли бештари он дар дохили кишвар вуҷуд дорад, агар дар бозор арзиши он баланд гардад, бешубҳа ин бо дасти кишоварзон аст.

Беэътиборӣ нисбат ба заминҳои кишоварзӣ, ки гектар-гектар дар водиҳо бекор мехобанд, ба он оварда мерасонад, ки арзиши ҳар гуна маҳсулоти кишоварзӣ боло равад. Тибқи мушоҳида, дар баъзе хоҷагиҳои шарикии деҳқонӣ, ба таври мисол дар бархе аз ҷамоатҳои шаҳри Ҳисор ҳамагӣ як маротиба кишти деҳқонӣ ба роҳ монда мешавад. Давоми сол заминҳо бекор мехобанд ва ба чарогоҳ табдил меёбанд.

Ҳоло, ки чанд рўз баъд мавсими шудгор ва киштукор фаро мерасад, бояд раисони ҷамоатҳо ва шаҳру навоҳии кишвар ба ин эътибори ҷиддӣ диҳанд ва қитъаҳои замини киштро ба таври комил ва мунсифона ба деҳқонон тақсим намоянд ва дар самти парвариши баробари ҳар гуна маҳсулоти кишоварзӣ назоратро ба роҳ монанд. Бо ин васила, дар соли оянда таъминоти дохилии аксари маводи ғизоӣ аз ҳосили худӣ ва бо нархи дастрас имконпазир мегардад.

Дилшоди МУҲАММАД   

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *