Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Расулзода Қоҳир

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Расулзода Қоҳир аз вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№3

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Саид Давлаталӣ

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Саид Давлаталӣ аз вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№4

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Гулмаҳмадзода Д.Қ.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№5

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Исматуллозода Ш.И.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Исматуллозода Ширин Исматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№6

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ашуриён М.Қ.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад аз вазифаи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№7

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири
кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Салимзода А.Ф.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Салимзода Амонулло Файзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№8

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳимзода Р.Ҳ.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз вазифаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№9

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири
корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Муҳриддин Сироҷиддин

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Муҳриддин Сироҷиддин аз вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№10

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Имомзода М.С.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ аз вазифаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№11

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҷабборзода Гулрӯ

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҷабборзода Гулрӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№12

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири
молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Қаҳҳорзода Ф.С.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор аз вазифаи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№13

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Шералӣ Мирзо

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Шералӣ Мирзо аз вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№14

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири
нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Азим Иброҳим

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Азим Иброҳим аз вазифаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№15

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири рушди
иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Завқизода З.А.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Завқизода Завқӣ Амин аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№16

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири саноат ва
технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Файзуллозода З.Қ.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Файзуллозода Заробиддин Қудрат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№17

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Абдуллозода Ҷ.А.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№18

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатзода З.Д.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Давлатзода Зулфия Давлат аз вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№19

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири энергетика ва
захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Усмонзода У.Ю.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№20

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии
амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ятимов С.С.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ятимов Саймумин Сатторович аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№21

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии
идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Хоҷазода О.А.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Хоҷазода Ориф Ашурӣ аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№22

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҳамрализода Ф.М.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№23

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Раиси
ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд
озод намудани Зиёзода С.Р.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№24

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Расулзода Қоҳир

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Расулзода Қоҳир Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№25

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Саид Давлаталӣ

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Саид Давлаталӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№26

 

ДАВЛАТАЛӢ Саид   

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд  30 марти соли 1970           Ҷои таваллуд    шаҳри Душанбе

Миллат   тоҷик                                           Маълумот   олӣ

соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,

соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти  Федератсияи Россияро  хатм кардааст

Ихтисос   иқтисодчӣ, иқтисодиёти  миллӣ

Рутба мушовири ҳақиқии давлатии ҶТ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад     русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не       нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  — соли 2006 ордени Шараф дараҷаи II, соли 2011 медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1987-1988 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1988-1989

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Архангельски Федератсияи Россия

Солҳои 1989-1993

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1993-1994

Мутахассиси дараҷаи II идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

03-10 соли 1994

 Мутахассиси дараҷаи I идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1994-1995

Мутахассиси пешбари идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1995-1997

Муовини сардори идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1997-2003

Сардори идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2003-2005

Сардори идораи саҳҳомигардонӣ, қоғазҳои қимматнок ва фондҳои инвеститсионии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2005-2006

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2007

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2007-2009

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония

Солҳои 2009-2013

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2013-2020

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноябри соли 2020
то имрӯз

 Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Гулмаҳмадзода Д.Қ.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№27

 

ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ

аз 14 феврали  соли 2020 дар вазифаи Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.

Соли таваллуд   10 январи соли 1961     Ҷои таваллуд   ноҳияи Данғара

Миллат     тоҷик                             Маълумот      олӣ

соли 1987 Донишкадаи  муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкент,

соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст

Ихтисос     муҳандис-заминсоз, менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ,

номзади илмҳои иқтисод

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардонида шудааст ё не – соли 2006  ордени «Шараф» дараҷаи I

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1978-1980  Коргари совхози Ленини ноҳияи Данғара

Солҳои 1980-1982

 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Қазон, шаҳри Перм, Россия
Солҳои 1982-1987  Донишҷӯи Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкент

Солҳои 1987-1989

 Сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод

Солҳои 1989-1993

 Раиси кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара

Солҳои 1993-1995

 Раиси кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон

Солҳои 1995-2000

 Муовини Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2001

 Раиси Кумитаи захираҳои замин  ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2001-2006

 Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2008

 Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2008-2010

 Муовини раиси вилояти Суғд

Солҳои 2010-2013

 Раиси шаҳри Турсунзода

Солҳои 2013-2019

 Раиси вилояти Хатлон

Солҳои 2019-2020

 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз феврали соли 2020то имрӯз  Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сатториён М.А.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Сатториён Матлубахон Амонзода муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№28

 

САТТОРИЁН Матлубахон Амонзода   

аз 03 ноябри  соли 2020 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.

Соли таваллуд  19 сентябри соли 1972  Ҷои таваллуд  ноҳияи Б.Ғафуров

Миллат   тоҷик                                          Маълумот          олӣ

Соли 1994 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст

Ихтисос    муаллими забон ва адабиёти тоҷик

Унвони илмӣ   номзади илмҳои филологӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ, форсӣ

Вакили халқҳаст ё не  вакили Маҷлисҳои вакилони шаҳри Гулистон ва вилояти Суғд

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   — соли соли 2011 медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2017 Медали «Хизмати шоиста»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1989-1994-

 Донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.М. Киров, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 1994-2002-  Танзимгар, муаллима, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2002-2003-  Муовини декан, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2003-2008-  Сармутахассис, муовини мудири шуъбаи илм, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2008-2011-  Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,  шаҳри Хуҷанд
01-08 соли 2011-  Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Табошари вилояти Суғд
Солҳои 2011-2014-  Раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд
Солҳои 2014-2018  Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд
Солҳои 2018-2020  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд
аз ноябри соли2020 то имрӯз  Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Усмонзода У.Ю.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№29

 

УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ    

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.

Соли таваллуд  13 сентябри соли 1959            Ҷои таваллуд  шаҳри Ваҳдат

Миллат   тоҷик                                                 Маълумот  олӣ,

соли 1982 Донишгоҳи давлатии техникии  Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос     муҳандис-электрик,    номзади илмҳои техникӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад     русӣ,  англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не       нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  — соли 2012  ордени Шараф дараҷаи II

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1977-1982  Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Солҳои 1983-1984

 Муҳандиси кафедраи «Автоматика ва мошинҳои ҳисоббарор» Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Солҳои 1985-1988

 Аспиранти институти энергетикии шаҳри Москва

Солҳои 1989-1991

 Ассистент, муаллими калони кафедраи «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи мошинҳои электрикӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Солҳои 1991-1996

 Иҷрокунандаи вазифаи дотсент ва дотсенти кафедраи «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи мошинҳои электрикӣ», муовини декани факултаи энергетики Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Солҳои 1997-1999

 Директори назорати давлатии барқи ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ

Солҳои 1999-2001

 Муовини директори генералии назорати давлатии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2001-2003

 Сардори департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2003-2009

 Роҳбари лоиҳаи «Сохтмони дастгоҳҳои тақсимкунандаи пушидаи элегазии 220 кв дар НБО-и Норак» Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика»

Солҳои 2009-2013

 Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика»

Солҳои 2013-2020

 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноябри соли

2020 то имрӯз

 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикстон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ашуриён М.Қ.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№30

 

АШУРИЁН Музаффар Қурбонмуҳаммад

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 21 июли соли 1963    Ҷои таваллуд  шаҳри Бохтар

Миллат     тоҷик                                 Маълумот               олӣ

соли 1985 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,

соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро   хатм кардааст

Ихтисос  ҳуқуқшинос, сиёсатшинос

Унвони илмӣ  номзади илмҳои сиёсӣ

Рутба  мушовири ҳақиқии давлатии ҶТ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад       русӣ

Вакили халқҳаст ё не                 не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст – соли 1999 ордени «Шараф», соли 2002 медали ҷашнии 10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1980-1985  Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1986-1988  Прокурори шӯъбаи тафтишотии Прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа, шаҳри Қӯрғонтеппа
Солҳои 1988-1993  Муовини прокурори ноҳияи Ёвон
01-07 соли 1993  Ёрдамчии прокурори ноҳияи Ғозималик
Солҳои 1993-1995  Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа
Солҳои 1995-2000  Раиси Кумитаи Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2010

 Роҳбари Дастгоҳи  Маҷлиси  Миллии  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2010-2014

 Мудири Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

Солҳои 2014-2015

 Мудири Шӯъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2015-2016

 Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2016-2020

 Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

21.01 соли 2020

 Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

03.11 соли  2020

 Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Зиёзода С.Р.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№31

 

ЗИЁЗОДА Сулаймон Ризоӣ

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 1 январи соли 1962             Ҷои таваллуд   ноҳияи Ғончӣ

Миллат  тоҷик                                              Таҳсилот   олӣ

соли 1983 Донишкадаи аграрии Тоҷикистонро  хатм намудааст

Ихтисос  агроном-олим

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, ӯзбекӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аст ё не   вакили Маҷлиси Ҷамоат

Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  — соли 1999 «Ифтихорнома»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1983-1986

 Агрономи калони хоҷагии давлатии «Ленинобод»-и ноҳияи Зафаробод

03-11 соли 1986

 Сардори шӯъбаи дуюми хоҷагии давлатии «Ленинобод»-и ноҳияи Зафаробод

Солҳои 1986-1989

 Котиби дуюми Кумитаи комсомолии ноҳияи Зафаробод

Солҳои 1989-1992

 Котиби якуми Кумитаи комсомолии ноҳияи Зафаробод

Солҳои 1992-1995

 Муовини директори хоҷагии давлатии «Ширин»-и ноҳияи Зафаробод

Солҳои 1995-1996

 Директори хоҷагии давлатии «Ширин»-и ноҳияи Зафаробод

Солҳои 1996-2002

 Раиси кооперативи истеҳсолии «Ширин»-и ноҳияиЗафаробод

Солҳои 2002-2006

 Раиси ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии   «Шӯҳрат»-и ноҳияи Зафаробод

Солҳои 2006-2008

 Раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби  ба номи  М.Абдуллоев, ноҳияи Зафаробод

Солҳои 2008-2011

 Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Зафаробод

Солҳои 2011-2014

 Раиси Ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод

06-09 соли 2014

 Сардори шӯъба-муовин оид ба иқтисодиёт ва молияи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд

Солҳои 2014-2015

 Муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод

Солҳои 2015-2016

 Муовини раиси вилояти Суғд

Солҳои 2016-2018

 Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

Солҳои 2018-2019

 Муовини якуми раиси вилояти Хатлон

14-28.01 соли 2019

 Муовини  раиси вилояти Суғд

Солҳои 2019-2020

 И.в. раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд

03-11 соли 2020

 Раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд
03-11  соли 2020  Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳимзода Р.Ҳ.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№32

 

РАҲИМЗОДА Рамазон Ҳамро

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 25 апрели соли 1960       Ҷои таваллуд ноҳияи Ховалинг

Миллат     тоҷик                            Маълумот              олӣ

соли 1982 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон,

соли 1995 Мактаби олии Тошкенти ВКД ИРСС-ро     хатм кардааст.

Ихтисос    ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Рутба Генерал-полковники милитсия

Кадом забонҳои хориҷиро медонад       русӣ

Вакили халқ ҳаст ё не                 нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 1998 «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон», соли 1999 «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005 ордени Спитамен дараҷаи II, соли 2013 ордени Зарринтоҷ дараҷаи II

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1977-1982  Донишҷӯи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон

Солҳои 1983-1989

 Инспектор, ваколатдори фаврӣ, ваколатдори фаврии калони шӯъбаи мубориза бар зидди ғорати моликияти сотсиалистии ШКД-и кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Ленинград

Солҳои 1989-1992

 Сардор, ваколатдори фаврии калон, сардори зершӯъбаи мубориза бар зидди ғорати моликияти сотсиалистии ШКД-и кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Данғара

03-07 соли 1992

 Ҷонишини сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии РКД-и вилояти Кӯлоб, шаҳри Кӯлоб

Солҳои 1992-1994

 Ҷонишини сардор, сардори ШКД-и кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Данғара

Солҳои 1994-1995

 Сардори ШКД-и кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Ховалинг

03-05 соли 1995

 Сардори ШКД-и шаҳри Норак

Солҳои 1995-2001

 Муовини сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2001-2004

 Намояндаи ваколатдори ҶТ дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ, шаҳри Москва

Солҳои 2004-2005

 Муовини аввали директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ, шаҳри Москва

Солҳои 2005-2007

 Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2008

 Сардори Хадамоти муҳочирати Вазорати корхои дохилии   Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2008-2009

 Мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2009-2012

 Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2012-2013

 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2013-2020

 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

03-11соли  2020

 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири корҳои
хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Муҳриддин Сироҷиддин

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Муҳриддин Сироҷиддин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№33

 

Сироҷиддин Муҳриддин

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд  17 феврали соли 1964       Ҷои таваллуд  ноҳияи Темурмалик

Миллат   тоҷик                                            Маълумот         олӣ

соли 1986 Донишкадаи гидрометеорологии Одесса,

соли 2002 Донишгоҳи иқтисодии Тошкентро хатм кардааст.

Ихтисос  муҳандис-агрометеоролог, иқтисодчии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад     русӣ, форсӣ, англисӣ

Вакили халқҳаст ё не          нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  — соли 2010 ордени Шараф дараҷаи II

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1980-1981

Техник-агрометеорологи СГМ, ноҳияи Данғара

Солҳои 1981-1986

Донишҷӯи Донишкадаи гидрометеорологии Одесса

Солҳои 1986-1992

Муҳандис-агрометеорологи Маркази гидрометео-рологияи Саридораи обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати РСС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1992-1995

Ҷонишини сардор, сардори Идораи прогресси илмию техникӣ ва стандарти Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1995-1996

Ҷонишини сардори Саридораи обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1996-1997

Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал, шаҳри Тошкент

Солҳои 1997-2002

Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал, шаҳри Тошкент

Солҳои 2002-2004

Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе

Солҳои 2004-2005

Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2005-2013

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид, ҳамзамон (аз 04.03.11) Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба

Солҳои 2013-2020

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
03-11 соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Имомзода М.С.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№34

 

 

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Сайдалӣ    

аз 03 ноябри  соли 2020  дар вазифаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.

Соли таваллуд  28 марти соли 1959           Ҷои таваллуд  ноҳияи Темурмалик

Миллат   тоҷик                                           Маълумот   олӣ

соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро   хатм кардааст

Ихтисос   филолог, муаллими  забон ва адабиёти тоҷик, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кадом забонҳои хориҷиро медонад     русӣ

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1976-1981

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1981-1984

Лаборанти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе

Солҳои 1984-1985

Муҳаққиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳонии Академияи илмҳои ИРСС, шаҳри Москва

Солҳои 1985-1988

Аспиранти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон

Солҳои 1988-1991

Ходими хурди илми Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон

Солҳои 1991-1993

Лаборанти калон, омӯзгори калони кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1993-1996

Муовини декани факултаи филологияи  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1996-1999

Дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1999-2004

Декани факултаи филологияи  Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2004-2012

Ректори Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия, шаҳри Душанбе

Солҳои 2012-2020

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  24.01 соли 2020 Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
  03.-11 соли 2020 Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Амонзода Ш.Ш.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Амонзода Ширин Шодӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№35

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири
молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Қаҳҳорзода Ф.С.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№36

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шералӣ Мирзо

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Шералӣ Мирзо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№37

 

 

ШЕРАЛИ Мирзо      

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд   24 майи соли 1967       Ҷои таваллуд  ноҳияи  Ҳамадонӣ

Миллат   тоҷик                                         Маълумот    олӣ

соли 1989  Омӯзишгоҳи олии ҳарбии фармондеҳӣ-муҳандисии ба номи маршал В.И. Чуйков, шаҳри Перми Федератсияи Россия,

соли 2004 Академияи умумиқушунии ҚМ ФР-ро хатм кардааст

Ихтисос     идораи қисмҳои ҳарбӣ ва қӯшунҳо

Рутба      генерал-майор (2005), генерал-лейтенант (2011), генерал-полковник

Кадом забонҳои хориҷиро медонад        русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 1998 ордени «Шараф», соли 1999 бо ордени «Спитамен», соли 2011 медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон», соли 2013 ордени Заринтоҷ дараҷаи II

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1984-1989

 Курсанти Омӯзишгоҳи Олии ҳарбии Фармондеҳӣ-муҳандисии ба номи маршал В.И. Чуйков, шаҳри Перми ФР

Солҳои 1989-1991

 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС вилояти Астрахани Федератсияи Россия

Солҳои 1991-1993

 Ёрдамчии сардори техникӣ-истифодабарӣ оиди кор бо ҳайати шахсии қисми низомии 33782 шаҳри Перми Федератсияи Россия

Солҳои 1994-1995

 Афсари калони шӯъбаи тайёрии умумиқушунии Раёсати омодагии ҷангии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1995-1997

 Командири баталёни 7-уми алоҳидаи тирандози Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Восеъ

Солҳои 1997-2002

 Командири бригадаи якуми тирандозии қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Восеъ

Солҳои 2002-2004

 Шунавандаи Академияи умумиқушунии қувваҳои мусаллаҳи  Федератсияи Россия, шаҳри Москва

Солҳои 2004-2005

 Сардори ситод – ҷонишини якуми Фармондеҳи қушунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2005-2006

 Муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард,  шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2007

 Муовини аввали Раис – Сардори сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солхои 2007-2013

 Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2013-2020

 Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
03-11 соли 2020  Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири
нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Азим Иброҳим

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Азим Иброҳим Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№38

АЗИМ Иброҳим

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд 1 марти соли 1962         Ҷои таваллуд ноҳияи Ҳамадонӣ

Миллат   тоҷик                                       Маълумот   олӣ

соли 1984 Донишкадаи политехникии Тошкентро  хатм кардааст

Ихтисос  муҳандиси маъдан-маркшейдер, номзади илмҳои техникӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад        русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не          нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 2001 ордени Шараф дараҷаи II, соли 2011 «Корманди  шоистаи Тоҷикистон»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1979-1984 Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тошкент

07.08 соли 1982

Ченкунандаи корҳои зеризаминии геологию маркшейдерии РСК-4, шаҳри Кривой Рог, Украина
Солҳои 1984-1988 Муҳандис-таҷрибаомӯз, аспиранти Донишкадаи политехникии Тошкент
Солҳои 1988-1992 Ассистенти кафедраи геодезия ва маркшейдерии Донишкадаи политехникии Тошкент
Солҳои 1992-1994 Муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва тасвири муҳандисӣ, декани факултаи саноати сабук, муаллими калони кафедраи физикаи таҷрибавии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1994-1995 Муовини аввали Раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Шӯрои Вазирони, Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1995-1996 Муовини аввали Раиси Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1996-2002

Муовини аввали Раиси Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2002-2004

Муовини Вазир – сардори Департаменти саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо саноати Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2004-2005

Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Солҳои 2005-2006

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Геологияи тоҷик», шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2013

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2013-2020

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

08-11 соли 2020

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
03-11 соли 2020 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири рушди иқтисод
ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Завқизода З.А.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Завқизода Завқӣ Амин Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№39

 

 

ЗАВҚИЗОДА Завқӣ Амин     

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд   17 майи соли 1972             Ҷои таваллуд  ноҳияи Шӯрообод

Миллат   тоҷик                                              Маълумот       олӣ

соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  хатм кардааст

соли 2001 Донишгоҳи миллии Австралия (магистри рушди иқтисодӣ),

соли 2006 Донишгоҳи миллии Австралия (доктори илмҳои иқтисодӣ)

Ихтисос  баҳисобгирии бухгалтерӣ, аудит ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ,

магистри рушди иқтисодӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ

 

Кадом забонҳои хориҷиро медонад        русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  соли 2016 Медали хизмати шоиста

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1989-1990

Боғбон ва сохтмончии совхози Шамсиддин Шоҳин, ноҳияи Шӯрообод

Солҳои 1990-1995

Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 1995-1996

Иқтисодчии дараҷаи 1-и шӯъбаи методологияи Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 1996-1997

Иқтисодчии дараҷаи 1-и шӯъбаи таҳлил ва пешбинии иқтисодии Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 1997-2002

Сариқтисодчӣ, сардори шӯъбаи қарздиҳии Идораи татбиқи монетарии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 1999-2001

Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Австралия

Солҳои 2003-2006

Докторант ва муаллими Донишгоҳи миллии Австралия

Солҳои 2006-2007

Муовини Сардори Идораи амалиёти бозори озоди Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2011

Мушовири Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Директори иҷроияи Хазинаи Байналмиллалии Асъор (Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои мазкур)

Солҳои 2011-2014

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Солҳои 2014-2017

Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ

Солҳои 2017-2020

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

01-11 соли 2020

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

03-11 соли 2020

 

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири саноат ва
технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Кабир Шералӣ

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Кабир Шералӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№40

 

 

КАБИР  Шералӣ

аз 3 ноябри соли 2020  дар вазифаи  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд   22 ноябри соли 1971      Ҷои таваллуд   ноҳияи Дарвоз

Миллат     тоҷик                                         Маълумот      олӣ

соли 1992 Донишкадаи савдо совети-кооперативии ш.Новосибирски ФР,

соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос  иқтисодчӣ-менеҷер, иқтисодчӣ,

Унвони илмӣ    номзади илмҳои иқтисодӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не    нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – не

Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 4 фарзанд

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1993-1994

Ҷонишини директори ҶС «Система» дар назди заводи «Спецавтоматика»-и шаҳри Душанбе

Солҳои 1994-1998

Ноиби Президент оиди тиҷорати ҶС «Тенис», шаҳри Душанбе

Солҳои 1998-2000

Мутахассиси дараҷаи 1, сардори шуъбаи равобити байнидавлатии Кумитаи давлатии қарордод ва савдо, шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2003

Сардори Раёсати  савдои биржавии Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2003-2004

Сардори Раёсати ҶСК «Ориёнбонк», шаҳри Душанбе

Солҳои 2004-2005

Ҷонишини Раиси ҶСК «Ориёнбонк», шаҳри Душанбе

Солҳои 2005-2015

Муовини якуми директори КВД «Ширкати Алюминии Тоҷикистон», шаҳри Турсунзода

Солҳои 2015-2020

Раиси Шурои директорони КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик», шаҳри Турсунзода

03-11 соли 2020

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдуллозода Ҷ.А.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№41

 

АБДУЛЛОЗОДА Ҷамолиддин Абдулло

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд 09.12.1966 Ҷои таваллуд  ноҳияи Данғара
Миллат тоҷик Таҳсилот  олӣ
соли 1989  Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос кори табобатӣ
Унвони илмӣ  доктори илмҳои тиб, профессор
Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқҳаст ё не вакили халқии ноҳияи Шоҳмансур
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Медали “Шафқат” (соли 2009), Унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2015)
Вазъи оилавӣ  оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1989 — 1990

 табиб-интернаи шуъбаи ҷарроҳии Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №2 ба номи академик К.Тоҷиев, шаҳри Душанбе

Солҳои 1990 – 1992

 табиби ҷарроҳи Дармонгоҳи  №7 назди Беморхонаи клиникии шаҳрии №2, шаҳри Душанбе

Солҳои 1992 — 1998

 табиби ҷарроҳи Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, шаҳри Душанбе

Солҳои 1998 – 2008

 мудири шуъбаи ҷарроҳии Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, шаҳри Душанбе

Солҳои 2008 — 2014

 директори Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, шаҳри Душанбе

Солҳои 2014 — 2017

 директори Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ, шаҳри Душанбе
Солҳои 2017-202005.11 соли 2020  директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии Истиқлол, шаҳри ДушанбеВазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
03.11 соли 2020  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Давлатзода З.Д.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Давлатзода Зулфия Давлат Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№42

 

ДАВЛАТЗОДА  Зулфия Давлат   

аз 03 ноябри  соли 2020  дар вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд  13  марти  соли  1974                    Ҷои таваллуд  шаҳри Хоруғ

Миллат    тоҷик                                                          Таҳсилот  олӣ

Соли 1997  Донишгоҳи давлатии Хоруғро хатм кардааст

Ихтисос   филологияи шарқ

Унвони илмӣ  надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не   не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида шудаст ё не  не

Вазъи оилавӣ  оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1991 – 1992 Назоратчии маҳсулоти заводи нони шаҳри Хоруғ
Солҳои 1992 – 1997 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ
Солҳои 1997 – 2007 Хабарнигори Идораи телевизион ва радиои ВМКБ, шаҳри Хоруғ
Солҳои 2007 – 2008 Сармутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ, шаҳри Хоруғ
Солҳои 2008 – 2014 Сардори Идораи телевизион ва радиои ВМКБ, шаҳри Хоруғ
Солҳои 2014-2015 Директори Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ»
Солҳои 2015-2020 Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
08-24.01 соли 2020 Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
01.11 соли 2020 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
03.11 соли 2020 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири энергетика ва
захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҷумъа Д.Ш.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҷумъа Далер Шофақир Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№43

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Раиси Кумитаи давлатии амнияти
миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ятимов С.С.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ятимов Саймумин Сатторович Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№44

 

ЯТИМОВ  Саймумин Сатторович

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад

Соли таваллуд  23 июли соли 1955                Ҷои таваллуд  ноҳияи Фархор

Миллат   тоҷик                                                   Маълумот            олӣ

соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб,

соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос   муаллими забон ва адабиёти тоҷик, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои сиёсӣ

Рутба Генерал-полковник

Кадом забонҳои хориҷиро медонад     русӣ, форсӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не      нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 2002 ордени Спитамен дараҷаи II, соли 2011 медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2013 ордени Зарринтоҷ дараҷаи II

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1972-1976

 Донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб

Солҳои 1976-1977

 Муаллими мактаби миёнаи № 2 ноҳияи Фархор

Солҳои 1977-1979

 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС

09-12 соли 1979

 Муаллими мактаби миёнаи № 2 ноҳияи Фархор

01-12 соли 1980

 Курсанти курсҳои олии КАД ИРСС, шаҳри Минск Беларус

Солҳои 1981-1985

 Корманди оперативӣ, корманди калони оперативии идораи КАД Тоҷикистон дар ВМКБ, шаҳри Хоруғ

Солҳои 1985-1989

 Корманди калони оперативии дастгоҳи марказии КАД Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1989-1991

 Муовини сардори шӯъбаи КАД Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1991-1992

 Сардори шӯъбаи КАМ ҶТ, ноҳияи Шурообод

Солҳои 1992-1994

 Сардори шӯъбаи КАМ ҶТ, ноҳияи Москва

Солҳои 1994-1996

 Сардори идораи кадрҳои Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1996-1997

 Сафир оид ба корҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1997-2000

 Мушовири сафири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2002

 Сардори раёсати Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2002-2005

 Муовини Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2005-2007

 Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2009

 Сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмонҳои Европоӣ (EC – Комиссияи аврупоӣ,   ECSC –Созмони аврупоӣ оид ба ангишту пӯлод, EAEC – Созмони аврупоӣ оид ба нерӯи атомӣ), Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия

Солҳои 2009-2010

 Сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмонҳои Европоӣ (EC – Комиссияи аврупоӣ,   ECSC – Созмони аврупоӣ оид ба ангишту пӯлод, EAEC – Созмони аврупоӣ оид ба нерӯи атомӣ), Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерландия

05-09 соли 2010

 Муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2010-2013

 Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2013-2020

 Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 03-11 соли 2020  Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Раиси Кумитаи давлатии
идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Хоҷазода О.А.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Хоҷазода Ориф Ашурӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№45

 

 

ХОҶАЗОДА Ориф Ашӯрӣ   

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи  Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд   31 марти соли 1970       Ҷои таваллуд  ноҳияи Б.Ғафуров

Миллат   тоҷик                                           Маълумот          олӣ

соли 1993 Институти педагогии шаҳри Хуҷанд,

соли 2005 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос    омӯзгори расм ва меҳнат, муҳандис-заминсоз,

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ

Вакили халқ ҳаст ё нест   не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не      не

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1993-1995

 ЧФ МММ-ШИК таъминотчӣ, ш.Хуҷанд

Солҳои 1995-1997

 Ёрдамчии Раиси шаҳри Хуҷанд

Солҳои 1997-1999

 Кумитаи захира ва танзими замини ш.Хуҷанд

Солҳои 1999-2001

 Кумитаи захира ва танзими замини вилояти Суғд

03-05 соли 2001

 Сармутахассиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд

Солҳои 2001-2005

 Мутахассиси дараҷаи якуми Кумитаи заминсозии вилояти Суғд

Солҳои 2005-2007

 Сармутахассиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд

Солҳои 2007-2008

 Раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Спитамен

Солҳои 2008-2009

 Раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Қайроққум

Солҳои 2009-2010

 Муовини аввали Раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд

Солҳои 2011-2015

 Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд

Солҳои 2015-2016

 Раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд

Солҳои 2016-2018

 Муовини Раиси вилояти Суғд

Солҳои 2018-2020

 Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
03-11 соли 2020  Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҳамрализода Ф.М.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№46

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *