Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

 

3 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбари кишвари ҳамсоя дар робита ба амалҳои фоҷеабори террористӣ дар Афғонистон, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, изҳори амиқи тасаллият карданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо ҳамагуна амалҳои ғайриинсонии террористонро шадидан маҳкум менамоем ва изҳори итминон карданд, ки чунин амалкардҳои гурӯҳҳои ифротӣ қадамҳои қотеонаи мардуми шарифи Афғонистонро дар роҳи бунёди сулҳу суботи пойдор дар кишвар ва таъмини рушду пешрафти он халалдор нахоҳанд кард.

Дар ин зимн Президенти мамлакат аз раванди музокироти сулҳи  байниафғонӣ истиқбол намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар пурра ҷонибдорӣ менамояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро оид ба пуштибонӣ аз иқдомҳои Ҳукумату мардуми ин кишвари дӯст ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии иқтисодии мамлакат баён доштанд.

Зимни суҳбати телефонӣ ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амниятӣ ҷиҳати тақвияти муборизаи беамони муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, решакан кардани ҳамагуна зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир табодули афкор карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *