Ҷилди 19-уми китоби «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ба нашр расид

 

 

Ҷилди 19-уми асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» нашр гардид.

Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Асари мазкур аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанг барои рушду инкишофи маънавиёти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ бо теъдоди 1000 нусха дар ҳаҷми 36 ҷузъи чопӣ аз чоп баромадааст.

Ёдовар мешавем, ки мутолиаи китоб ба доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *