Дарвоз: То соати 10 беш аз 70 фоизи интихобкунандагон овоз доданд.

Тавре пештар иттлоъ додем, субҳи имрӯз шуруъ аз соати 6:00 дари ҳамаи участкаҳои интихоботӣ дар ҳавзаи интихоботии Дарвоз – 20 ба рӯи интихобкунандагон кушода шуд. Раиси ҳавзаи интихоботии Дарвоз Сӯҳроб Холов иттлоъ дод, ки аллакай то соати 10:00 беш аз 70 фисади интихобкунандагон овози худро доданд.

Бояд гуфт, ки дар ҳавзаи интихоботии Дарвоз – 20 ҳамагӣ 32 участкаи интихоботӣ буда, ба ҳайати узви участкаҳои интихоботӣ – 224 нафар, аз ҷумла 45 нафар зан шомиланд. Дар баробари ин, 124 нафар ҷавонони ризокор барои кўмак дар баргузории интихоботи президентӣ ҷалб шудаанд.

Шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи интихоботии Дарвоз – 20 ҳудуди 13150 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 146 нафар бори аввал овоз медиҳанд. Инчунин, 128 нафар ашхоси бемор ё дорои имконияти маҳдуд сабти ном шудаанд.

 

Зиёратшоҳи АҲМАДШО,

аз ноҳияи Дарвоз махсус барои сомонаи Радиои Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *