Санаи 3-уми октябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо иштироки беҳтарин  боғпарварони  ҷумҳурӣ ва  шукўҳу шаҳомати хоса фестивал-намоиши фурўши асал, озмуни ангур ва дигар анвои меваҷот доир гардид. 

Дар  он  кишоварзон аз тамоми гўшаҳои мамлакат, хусусан аз вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ  ширкат варзида, беҳтарин намудҳои асал, ангур ва дигар анвои меваҷотро ба намоиш ва фурўш гузоштанд.

Тоҷикистон сарзамини биҳиштӣ буда, бино ба боварии соҳибназарон инҷо  беш 200 навъи  ангур парвариш карда мешавад. Кишоварзони мамлакат алҳол ба парвариши 50 навъи он машғул буда, дар фестивал-намоиш маҳсули дастранҷи худро ба маъраз гузоштанд. Ҳикматулло Назиров-директори иниститути боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон наҚши баргузории ингуна чорабиниҳоро дар рушди соҳа бориз медонад.

Шаҳри Турсунзода яке аз калонтарин минтақаи ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, кормандони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва парвариши ангурро соҳибанд. Муовини сардори раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода  Абдукарим Файзуллоев мегўяд, ки инҷо зиёда аз 4 ҳазор гектар гектар токзор вуҷуд дошта, беш аз 10 намуди ангур, аз ҷумла ангурҳои навъи «Ҳусайнии сиёҳу сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» ва ғайраҳо парвариш карда мешаванд.

Ҳамсуҳбати дигари мо Рустамхоҷа Қаландаров мудири шуъбаи токпарварии боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегуяд, ки ангур ба иқлими кишвари мо мутобиқ буда, имкон дорад, ки то 500 сентнер ҳосил бидиҳад.

Фирўз Баротов, муовини директори Иниститути боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илҳмои кишоварзии Тоҷикистон   баргузории ҳамингуна идҳоро ҳатмӣ медонад.  Ба ақидаи ин ҳамсуҳбати мо ҳамингуна ҷашнвораҳо дар дилхоҳ кишвар ҳаст ва метавон тавассути он сайёҳонро ба мамлакат ҷалб кард.

Тавре медонем, зимни таҷлили ҷашну фестивалҳои соҳаи кишоварзӣ  масъулин мекушанд, то бо ташкили ярмаркаи фурўши маҳсулоти хоҷагии Қишлоқ ва ташкили намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзиҷот, консерву оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ сокинонро аз файзи деҳқон баҳраманд гардонанд.

Дар ҳамин ҳол Саидҷамол Саидзода-ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ки агар бо истифода аз ингуна ҷашнвораҳову фурсати муносиб  шаҳрвандон  ба захираи маҳсулот пардозанд, дар шароити кунунӣ нафъ хоҳанд бардошт.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки баробари амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти боғу токпарварӣ нишондиҳандаҳо низ ба таври дилхоҳ дигар гаштаанд. Тибқи маълумоти сомонаи Вазорати кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ангур ва дигар меваҷот то 30 сентябр 179 ҳазору 66 тоннаро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 963 тонна зиёд мебошад. Имрўзҳо ҷамъоварии ангур бо маром идома дошта, кишоварзони мамлакат то кунун 45 ҳазору 912 тонна аз ин меваи шаҳдбор ҷамъоварӣ намудаанд, ки 9 ҳазору 923 тоннаи он ба вилояти Суғд, 21 ҳазору 411 тонна ба вилояти Хатлон ва 14 ҳазору 578 тонна ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Ба ибораи дигар равнақ бахшидани соҳаи боғу токпарварӣ омили аслии  зиёд шудани истеҳсоли мева ва ба ин васила афзун гаштани иқтидори корхонаҳои коркарди меваву эҷоди ҷойҳои нави корӣ мегардад. Муҳимтар аз ҳама ин ҳама барои расидан ба амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад.

Муродулло Раҳимов

радиои Тоҷикистон