Пахтакорони Левакант дар Хатлон аввалин шуда дурнамои ҷамъоварии пахтаро иҷро намуданд

Дар маркази шаҳри Левакант бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати иҷрои дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳри Левакант баргузор гардид.

Тавре дар ин бора мудири шуъбаи таҳлилию иттилоотии раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода ба хабарнигори Радиои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Маҳмдалӣ Акрамов иттилоъ дод, раиси вилоят кишоварзони Левакантро табрик гуфта, кори онҳоро намунаи ибрат арзёбӣ намудааст. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии шаҳр кишоварзон cоли ҷорӣ дар майдони 1084 гектар кишти пахта гузаронида, пахтакорон 3 октябр аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахтасупорӣ баромаданд.

Ҳамин тариқ, ба ҷойи 2410 тоннаи дурнамо ба миқдори 2411,2 тонна пахта супоридаанд, ки 100,5 фоизро ташкил дода, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 22,2-сентнерӣ расонида шудааст. Хоҷагиҳои пахтакори шаҳр иқдом гирифтанд, ки ҳосили боқимондаро то охири мавсим ба пуррагӣ ҷамъоварӣ намуда, ҳосилнокиро аз ҳар як га ба 25-30-сентнерӣ расонанд.

Бино иттилои  манбаъ дар шаҳр хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки самташон ба пахтакорӣ нигаронида шудааст, 43 ададро ташкил намуда, ҳамаи хоҷагиҳо ба пуррагӣ аз иҷрои нақша баромадаад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *