1 октябр дар  қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар  майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд, ки дар натиҷа ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод  ва Нуробод  маъракаи даъвати тирамоҳиро пурра анҷом доданд.

Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ноҳияҳои минтақа, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеа иштирок ва бо дуои нек наваскаронро гусел намуданд.   Дар ин бора Амит “Ховар” хабар медищад

Дар ҳамоиши мазкур  ба зиёда аз 80 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.

Мояи хурсандист, ки наваскарони панҷ ноҳияи минтақа бори аввал дар ноҳияи  Рашт дар фазои тантанавӣ ҷамъ омода, машқҳои  низомии омоданамудаи сарбозон ва яроқу аслиҳаю мошинҳои низомиро тамошо намуда, бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ раҳсипор шуданд.

 

Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода изҳор дошт, ки “аҳсан ба модароне, ки чунин ҷавонмардони бо нангу номус ва хештаншинос ба воя расонидаанд, ки онҳо имрӯз ба таври ихтиёрӣ  ба хизмати Ватан-Модар роҳсипор мешаванд.  Хизмат ба Ватан уҳдадории конститутсионӣ ва қарзи виҷдонии  ҳар ҷавонмард аст. Имрўз наваскарони мо  бо ин ҷасораташон ҳамчун қаҳрамон барои наслҳои минбаъда ба шумор рафта, на танҳо мояи ифтихори волидон ва деҳаи хеш, балки шоистаи ифтихори ноҳия ва ватани азиамон мебошанд”.

Дар ҷамъомади тантанавии гусели наваскарон модари даъватшаванда Дустмурод Маҳмадҷонов Дилафруз Хурсандназарова  аз Ҷамоати деҳоти Қалъаи сурхи ноҳияи Рашт гуфт, ки «ман модарам, модари тоҷик, модаре, ки шабҳои дароз бо лафзи ширини тоҷикӣ дар сари гаҳвораи фарзандам бо суруди алла муҳаббати модар- ватанро ба гӯшаш пайваста месурудам. Чун фарзандам ба мактаб рафт, бо ҳавас аз думболаш мерафтаму орзу мекардам, ки писарам калон шаваду чун бародаронам бо ифтихор ба хизмати Ватан равад ва дар назди хешу табор бо сари баланд гӯям, ки аскарбача  дорам  ва барояш тӯшаи роҳ омода кунам. Имрӯз ба мақсад расидам. Фарзандам мақсади маро амалӣ сохта, бо қалби лабрез аз муҳаббати ватандорӣ ихтиёран ба сафи  Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад ва чун дигар ҷавонони сарбаланди тоҷик хизмати ҷавонмардияшро адо менамояд».

Дар маъракаи мазкур даъватшаванда Беҳруз Асроров, ки ихтиёрӣ ба хизмати Ватан мерафт,  аз ҷавонони ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки “хизмат дар сафи Қувваҳои  мусаллаҳ мояи ифтихори ҳар ҷавони ватандӯст буда, инро танҳо ҷавоне пеша менамояд, ки масъулият ва ҳисси баланди ватандорӣ ва хештаншиносӣ дошта бошад. Ҳамсолони ман аз саросари ҷумҳурӣ бояд аз хизмати ҳарбӣ наҳаросанд ва пайрави гузаштагони худ бошанду ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодии хеш омода бошанд”.

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин карда, пас аз он меҳмонону наваскаронро сари дастархони идона даъват намуданд.