Китобе бо номи «Камол- устоди бузурги забон» ба табъ расид

Бахшида ба 700-солагии ориф, шоир ва ғазалсаройи бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» дар ҳамкорӣ бо кормандони донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон китоби нав таҳти унвони «Камол- устоди бузурги забон» (Камол-великий знаток языка)» интишор ёфт. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар додааст.

Китоби мазкурро нашриёти «Ношир» ба табъ расонда, дар доираи 28 мақолаи китоб  ҷанбањои гуногуни лингвистикӣ, фонетикӣ, лексионӣ, морфологӣ ва фразиологии ашъори шоир омӯхта мешаванд. Ҳамчунин китоб ба бойгариву тозагии ашъор ва ғазалҳои пурмӯҳтавои шоир бахшида шуда, назари тадқиқотчиёни гузашта ва имрӯзаро ба эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ инъикос менамояд.

Ҳадафи асосии ба табъ расонидани китоб пеш аз ҳама шиносоии насли имрӯз бо ёдгории боқигузоштаи шоир ва шевогии забони тоҷикӣ-форсӣ мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *