Боздошти муовини раиси ҷамоат барои гирифтани пора

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти муовини раиси як ҷамоат дар шаҳри Ҳисор хабар додааст. Дар хабарномаи Агентӣ гуфта мешавад, ки Зокиров Зокирҷон Асатуллоевич дар вазифаи муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор кор карда истода, моҳи майи соли 2020 аз шаҳрванд “А” барои ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои Ҷамоати мазкур бо роҳи қаллобӣ маблағи 15000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ  8000 сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимонда 7000 сомониро талаб намудааст.

18 июни соли 2020 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Зокиров З.А. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани боқимонда 7000 сомонӣ дастгир гардида, маблағҳои пулӣ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Дар ин хусус нисбати Зокиров З.А. бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *