Талаботи асосии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ — ин иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳалли масоили мубрами сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, тоҷикони Қазоқистон ба рушди сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ки ватани аҷдодии кулли тоҷикон мебошад, таваҷҷуҳи баланд  зоҳир мекунанд ва дар ин роҳ саҳми бевосита мегузоранд, ки ин тақвиятгари ҳувияти миллии тоҷикон мебошад. Дар ин бора  АМИТ «Ховар» хабар медиҳад. 

«Марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими рӯз буда, маҳз тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот аст, ки имрӯз Тоҷикистон бо истифода аз пойдории сулҳ тавонист мавқеи хоси худро дар арсаи ҷаҳон пайдо намояд. Сиёсати «дарҳои боз»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардид, ки дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта сабаби рушди ҳамкории судманд бо дигар кишварҳо, хосса бо Ҷумҳурии Қазоқистон гардид ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин намуд. Дар ин  росто раванди муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври нек рушд менамояд ва миёни ин ду давлати ба ҳам дӯст боварии сиёсӣ қавитар мегардад.

Тоҷикони Қазоқистон барои ҳимоят аз дастовардҳои миллӣ   хатарҳои равандҳои номатлуберо, ки фазои ороми ватани аҷдодии кулли тоҷикон — Тоҷикистонро халалдор мекунанд, маҳкум мекунад, зеро Тоҷикистон хонаи умед барои кулли тоҷикони ҷаҳон мебошад»,-омадааст дар идомаи изҳорот.

Анҷумани тоҷикони Қазоқистон дар асоси муроҷиатномаи  дастаҷамъонаи Шӯрои ҷавонон ва Шӯрои муҳоҷирони назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин марказҳои фарҳангии тоҷикон дар шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон   изҳор намудаанд, ки сарфи назар аз он ки онҳо дар хориҷи мамлакат қарор доранд, ба равандҳои сиёсӣ-иҷтимоии ватани аҷдодӣ — Тоҷикистон бетараф набуда, дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ фаъолона ширкат намуда, мавқеи шаҳрвандии худро бо масъулияти том муайян месозанд ва ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти миллӣ эҳтиром мегузоранд.

Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки “Тоҷикони Қазоқистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ки ҳанӯз оғози моҳи декабри соли 2015 аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб шуда, ба имзо расида буд, арҷ гузошта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллати тоҷикон эътироф намуда, ҷонибдорӣ аз номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми олӣ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳимтарин маъракаи сиёсии сол — интихоботи президентӣ дастгирӣ менамоянд. Ва бо қаноатмандии амиқ иброз медоранд, ки тоҷикони Қазоқистон ҷонибдори устувори рушд ва таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон буда, дар пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон саҳм мегузоранд”.