Дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон айни ҳол як маркази байни идоравии олимони тоҷик бунёд гардидааст, ки дар он ҳафтае як маротиба олимони мо бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии Covid- 19 табодули афкор менамоянд. Ин нуқтаро иброз намуд, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни суҳбат бо рузноманигори радиои «Овози тоҷик».

«Дастгоҳе, ки имрӯз дар назди Академия фаъолият дорад, доим амалкунанда буда, ният дорем, ки кори он то солҳои оянда низ давом намояд, то ки аз рӯйи зарурат тавонад дар шакли ҳамешагӣ бошад. Дар доираи он олимони тамоми соҳањо имкон доранд ки барои гирифтани пеши роҳи суръати авҷи бемории коронавирус ибрози назар кунанд»,- зикр намуд  академик Фарҳод Раҳимӣ.

Дар идомаи суҳбат номбурда чунин изҳор доштанд, ки бо паҳн шудани мавҷи аввали беморӣ дар кишвар норасоии дастгоҳҳо ба назар мерасид. Сари ин масъала олимони назди академияи миллии илмњои кишвар  фаврӣ чораандешӣ намуда, як дасгоҳи коркардашударо ба беморхонаи ёрии таъҷилӣ фиристодем, ки тавонист дар муддати 25 шабонарӯз ба мардум хизмат намояд.

Дар баробари ин, Академияи миллии илмњои љумњурии Тоҷикистон имрӯз аз беҳтарин роҳҳои дорусозӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ иқдоми хубе кардааст, ки метавонад мардумро бо роҳи сабук ва дастрас  бо доруворӣ таъмин намояд.

Дар вобастагӣ ба ин академик Фарҳод Раҳимӣ иброз доштанд, ки дар ҳоли ҳозир 11 намуди гиёҳҳоро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ки натиҷаашро дар оянда расонаӣ хоҳанд кард, то ки омма ба он дастрасӣ пайдо намоянд.  Ин намуди гиёҳҳое мебошанд, ки қобилияти пурра баланд бардоштани системаи иммунитети баданро  доро мебошанд. Ҳамчунин, дар ин замина барои сабук намудани авҷи беморӣ обу ҳавои тоза, маҳсулоти тару тоза ва сифатнок кӯмаки якумдараҷа менамояд.

«Имрӯз пешниҳоди ман барои тамоми мардум чунин аст, ки барои пеши роҳи ин бемории сироятиро гирифтан пеш аз ҳама моҳияти онро дарк намоянд, эҳтиёткор бошанд ва кӯшиш намоянд, ки бемор нашаванд, аз дараҷаи табобати беморӣ бохабар бошанд ва тамоми чораҳои андешидаро риоя намоянд»,-гуфт, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар поёни суҳбат.

Манбаъ: www.vot.tj