Дар Хатлон 112 адад корхонаи саноатӣ бунёд шуда, дар ин замина 1637 ҷойи корӣ таъсис меёбад

 

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилояти Хатлон имсол бунёди 112 адад коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо таъсиси 1637 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Дар вилоят аз оғози соли 2018 то инҷониб 220 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бунёд ёфтааст.

Дар ин бора АМИТ «Ховар»   хабар медиҳад.

Танҳо дар 7 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 50  корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси 516 ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 62 иншооти дигар идома доранд.

Дар ин давра саноатчиёни вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба маблағи 4 миллиарду 489 миллиону 809 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 254 миллиону 253,7 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро 6 фоиз таъмин карданд.

Баистифодадиҳии ду корхонаи нави мурғи гӯштӣ дар шашмоҳаи  якуми имсол замина фароҳам овард, ки истеҳсоли гӯшти мурғ дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 1202 тонна ва ё дар сатҳи 75 фоиз зиёд шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  ва номгӯи он сол то сол зиёд шуда, аз 81 ба 92 номгӯй расонида шудааст.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *