29 гоми устувор дар соҳаи кишоварзӣ

Кишоварзӣ соҳаи муҳимтарини иқтисодиёти Тоҷикистон буда, пеш аз ҳама ҳифзи амнияти озуқавории кишвар аз рушди он вобастагии амиқ дорад. Ин аст, ки тӯли 29 соли истиклолияти давлатдорӣ Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дурнамои соҳаро  дар қатори ҳадафҳои афзалиятноку стратегии худ қарор дода, барои татбиқи самарабахши он мунтазам талош намуд.

Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги  амнияти  озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров дастовардҳои беназири соҳаи кишоварии мамлакатро аз заҳмат ва талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад.

Шароити мусоиди табиӣ, захираву имкониятҳои зарурии кишвар ва инчунин сиёсати дурусти аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  буд, ки тули 29 соли соҳибистиқлолӣ худтаъминкунии аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ низ рушд кард.

Имрўзҳо коршиносон худтаъминкунии аҳолиро дар такя бо омори расмӣ нек арзёбӣ мекунанд.

Воқеан ҳам тўли 29 соли даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои пешбарандаи аъзами иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ буд. Худ иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон аз 27 – уми августи соли 2009 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014”, ки дар заминаи он беш аз 100 хазор ҷойи кори нав муҳайё гардид, гувоҳӣ  аз сиёсати хирадмандона ва дурусти аграрии Раёсати олии Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дарак медиҳад.

Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги  амнияти  озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров мегуяд, ки сиёсати дурусти аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки соли равон бо вуҷуди паҳншавии бемории сироятии коронавирус кишоварзон ба маблағи 13 милларду 600 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд.

Коршиносони соҳа яке аз омилҳои руди соҳаи кишоварзиро ба додани як қатор имтиёзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад.  Дар ҳамин ҳол Давлатчон Комилзода-академики академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ки пас аз додани имтиёзҳо ба соҳаи парандапарварӣ истеҳсоли тухм 3 маротиба ва истеҳсоли гўшти паранда 4 маротиба зиёд гардид..

Гузашти айём ва ҳамзамон вазъи кунунии соҳаи аграрии кишвар  аз он гувоҳӣ медиҳад, ки 29 соли соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар соҳот 29 гоми устувор  дар самти рушди кишоварзӣ буд. Дар ин давра   тавассути гузарондани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳа, аз худ кардани заминҳои нав, беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин, бо роҳи зиёд кардани майдони боғу токзор фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд, ки ин ҳама дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши арзишманд гузошт.

Муродулло Раҳимов

радиои “Тоҷикистон”

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *