Китоби “Тоҷикон” барои дастрасии ройгони шаҳрвандон бознашр мешавад

Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеч давру замон аз хотири мардум фаромўш намешавад. Хушбахтона чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд ва онҳо на танҳо ифтихори миллати мо, балки боиси сарафрозии мардуми олам гардидаанд.

Яке аз чунин фарзандони баруманди халқи тоҷик ин Қаҳрамони Тоҷикистон, муаллифи китоби «Тоҷикон» аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад.  Китоби «Тоҷикон» асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик ва давраҳои гуногуни таърихи он аз давраи қадим то замони нав дар давраи ҳасоси Иттиҳоди Шӯравӣ бодиққати олимона аз тарафи аллома Бобоҷон Ғафуров эҷод шудааст.

Тавре дар ин бора мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ ДМТ Муртазо Зайниддинзода иброз медорад, таълиф намудани китоби «Тоҷикон» дар солҳои ҳукумати шуравӣ хизмати бузурге ҳаст, ки на ҳар як муҳаққиқ дар чунин давраи ҳасос ҷуръати даст задан ба онро мекард.  Ба таъкиди мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ Муртазо Зайниддинзода шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” дар баробари фаро гирифтани таърихи халқи тоҷик ва Осиёи миёна ҳамчунин давлату давлатдорӣ рушди иқтисодию кишоварзӣ фарҳанг ва дигар бахшҳои муҳимро фаро мегирад.  Мавриди зикр аст, ки дар китоби “Тоҷикон” Бобоҷон Ғафуров марҳилаҳои рушди миллати тоҷикро давра ба давра мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Ҳамзамон муаллиф дар ин китоби арзишманд фарҳангии миллати кӯҳанбунёди тоҷик ва муносибатҳои мадании тоҷиконро бо ҷомеаи Шарқу Ғарб ва таъсиргузории фарҳанги бостонии моро ба дигар миллату халқиятҳо ба риштаи таҳлил кашидааст, бо далелҳои раднопазир исбот кардааст, ки мо тоҷикон аз азал миллати бунёдкору фарҳангсолор будаем.

Бо дарки ин нукта тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 чопи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз тарафи чопхонаи «Нашриёти муосир» оғоз шуда, нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон тақсимоташ ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ мегардад. Тавре дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, нашри китоби «Тоҷикон» ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар боз як иқдоми ватандӯстонаи Пешвои муаззами халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад.

Нуралӣ Давлат

радиои “Тоҷикистон”

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *