Мақсад аз баргузории курси мазкур ҷалб ва пешбарӣ намудани занону духтарон ба соҳаи хизмати давлатӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда мебошад.
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, имрўз занону бонувон дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолияти пурсамар доранд. Мувофиқи иттиллои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон тибқи фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикитсон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 нафар занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои пурмасъули рохбарикунанда таъин гардиданд. Аз онҳо 3 нафар зан аъзои ҳукумат, 5 нафар ба ҳайси роҳбарони мақомоти марказии назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар дар вазифаи раисони шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд.
Манбаъ: www.vot.tj