Бонки Осиёии Рушд (БОР) рӯзи 26 август гуфтааст, ки тибқи нақшаи Лоиҳа рушди тиҷорат дар кишварҳо ки аз давоми солҳои 2021-2023 ба Тоҷикистон барои пешрафти кишвар 323 миллион доллар кумаки бебозгашт медиҳад. Ғайр аз он, 5,25 миллион доллар ҳамчун кӯмаки техникӣ дар соҳаи маориф ва омодагсози лоиҳа дар ҳамон давра ба нақша гирифта шудааст.

Дар бора www.timesca.com дар истинод ба  иттилои Прадип Шривастава, директори БОР дар Тоҷикистон хабар додааст. Ин намояндаи БОР  гуфтааст, ки  “БОР ҳамчун шарики дарозмуддати Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ки ба кишвар дар расидан ба афзалиятҳои стратегиаш кумак кунад. Дар асоси грантҳои пешбинишуда мо нақшаи ҳадафҳои Стратегияи Миллии Рушди Тоҷикистонро барои давраи то 2030 дастгирӣ мекунем, ки бо Стратегияи БОР 2030 мувофиқат мекунад. Ин нақша инчунин гузариш ба стратегияи шарикии БОР бо кишварҳо дар давоми солҳои 2021–2025, ки ҳадафи он  мутобиқ шудан ба динамикаи номуайяни пандемияи COVID-19 мебошад, дарбар мегирад. Стратегияи мазкур дар ҳоли таҳия шудан қарор дорад”.

Ба иттилои манбаъ, нақшаи мазкур лоиҳаҳоро оид ба беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва идоракунии захираҳои об, рушди инфрасохтори шаҳр ва бахши энергетика дар давоми солҳои 2021-2023,  дар бар мегирад. БОР инчунин нақша дорад, ки лоиҳаҳоро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ, такмили бахши молия, рушди туризм, тақвияти устувории офатҳои табиӣ ва такмили минбаъдаи бахши роҳҳо равона кунад.. Ғайр аз он, нақша лоиҳаҳоеро дар бар мегирад, ки идоракунии электрониро пеш мебаранд ва таҳсилоти илмӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математикиро беҳтар мекунанд.

Маблағи ниҳоии кумаки банақшагирифтаи БОР аз омилҳои мухталиф, аз ҷумла захираҳои мавҷуда, омодагии лоиҳа ва натиҷаи арзёбии фаъолияти кишвар вобаста хоҳад буд.

Аз замони узвияти Тоҷикистон дар БОР, аз соли 1998, ин бонк барои кишвари мо  беш аз 1,9 миллиард доллар маблағгузорӣ кардааст, тақрибан 1,4 миллиард доллар ҳамчун қарзҳои бебозгашт дода шудаанд