Ҳамлагари дастаи   «Барселона» Луис Суарес эҳтимол дорад, ки  корномаи варзишияшро   дар  бошгоҳи «ПСЖ»-и Фаронса  идома диҳад.

Дар ин бора  Диарио Спорт иттилоъ  додаст. Бинобар навишаи манбаъ  бошгоҳи «ПСЖ» талош дорад, ки  ҳамлагар Луис Суаресро  ба хайаташ љалб созад. Дастаи фаронсавӣ ду сол қабл ният дошт, ки  дар баробари  Неймар, Луис Суаресро харидорӣ кунанд.

Қабалан расонаҳои варзишии испанӣ  иттилоъ дода буданд, ки роҳбарияти тими  «Барселона» Суаерсро бо  ҳимотягари  дастаи  «Аякс»-и  Голандия Дони Ванде Бек иваз кунанд.