Рўзи гузашта  капитани  дастаи  «ПСЖ» Тияго Силва  эълон кард, ки  расман дастаашро тарк хоҳад кард.

Ин суханони  Силва  дар ҳоле  дар расонаҳои варзиши нашр шуд, ки   бошгоҳи «ПСЖ» аз тими  «Бавария»-и Олмон дар финали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо маѓлуб гардид. Бинобар иттилои расонаи Зе Атлетик Тияго Силваро  дастаи  «Челси»-и шаҳри Лондон харидор шудааст ва  бо  бозингари 35 сола  шартномаи 1 сола пешниҳод кардааст. Ҳимоятгар  Тияго Силва ин  ҳафта  аз назорати табибон бояд гузарад.