Таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар дар Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории байниидоравӣ

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо мақсади иҷрои супориши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 феврали соли 2020 оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, 21 августи соли равон ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ барои таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа ва таҳияи тавсияҳои мушаххас баргузор гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа рафти иҷрои супоришҳои протоколии ҷаласаи якуми гуруҳи корӣ, баррасии рафти масъалаҳои ҳисоботи таҳлилӣ оид ба таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа ва муайян кардани санаи баргузории ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ баррасӣ карда шуд.

Дар баррасии масъалаҳо намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, андоз, кор бо ҷавонон ва варзиш, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо (“Тоҷикстандарт”), агентии содирот, роҳбари Гурӯҳи консалтингии «Камолот 1»  мулоҳизаронӣ ва пешниҳодот манзур намуданд.

Дар баробари ин қайд карда шуд, ки аъзои гурӯҳи корӣ, бахусус аз ҳисоби вазорату идораҳо ба пешниҳоди маълумот, ҳамоҳанг намудани фаъолият зимни корбарӣ вобаста ба масъалаҳои ҳисоботи таҳлилӣ ҷиддӣ таваҷҷӯҳ намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *