Таъмир ва пандемия воридоти гази моеъро аз Қазоқистону Узбекистон қатъ кард

     Тайи чанд моҳи охир дар кишвар баландшавии нархи гази моеъ ба мушоҳида мерасад. Баландшавии арзиши ин навъи сӯзишвори аксари сокинон ва ронандагонро нигарон кардааст. Доир ба истифодабарии газ миёни сокинон ва ронандагон назарпурсӣ намудем, ки бештари онҳо мегӯянд, болоравии нархи газ дар замони пандемияи каронавирус ба хароҷоти  сокинон таъсир мерасонад.

Ҳабиб Абдуллозода сардори Раёсати танзими инҳисороти табии  ин Хадамот дар суҳбат ба радиои Тоҷикистон гуфт , болоравии нархи гази моеъ асосан ба биржаи “Аргус”  марбут аст. “ Баланд рафтани арзиши ин сӯзишворӣ аз охири моҳи июн оғоз шуд. Тибқи маълумоти биржаи “Аргус”, ки арзиши газро муайян мекунад,  дар моҳи апрел як тонна гази моеъ бо 145 доллар ба кишвари мо ворид мешуд ва  моҳи июн ба 235 доллар баробар шуд, ки 60 фоиз тамоюли афзоиш доштааст. Дар моҳи июл аллакай ба 420 доллар расид ва ин меъёр дар аввали моҳи август 525 доллар гардид. Аз рӯйи ин меъёр, мо қимати як литр гази моеъро 4 сомониву 57 дирам муқаррар кардем”- гуфт Ҳабиб Абдуллозода.

Тибқи мушоҳидаҳо ҳоло қимати 1 литр гази моеъ ба 4 сомону 70 дирам расидааст. Ин дар ҳолест, ки моҳҳои апрел-май як литр гази моеъ аз 2,60 то 3 сомонӣ фурӯхта мешуд. Сабаби дигар тағйир ёфтани нархи гази моеъро ин масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ  ба муваққатан қатъ шудани воридоти ин намуди сӯзишворӣ аз Қазоқистони Узбекистон  медонад. “Гази моеъ ба Тоҷикистон 92 фоиз аз Қазоқистон, 6 фоиз аз Узбекистон ва 2 фоиз аз Русия ворид мешавад. Ба наздикӣ аз корхонаҳои истеҳсолкунандаи Қазоқистон ба унвонии ширкатҳои воридкунандаи ин намуди сузишворӣ мактубҳои расмӣ омадааст, ки  бинобар дар таъмир қарор доштани корхонаҳо дар моҳҳои август ва сентябр интиқоли газро манъ карда мешавад. Аммо Узбекистон дар як номаи расмӣ огоҳӣ дод, ки бо сабаби коронавирус ва афзоиш талаботи дохилиаш дар соли 2020 ба кишвари мо газ содирот намекунад”- иброз дошт Ҳабиб Абдуллозода сардори Раёсати танзими инҳисороти табии  ин Хадамот зиддиинҳисорӣ.  

То куҷо муваққатан қатъ гардидани воридоти газ аз Қазоқистону Узбекистон ба арзиши он дар бозорҳои дохилӣ таъсир гузошт, дақиқ нашудааст. Ҳамзамон, маълум нест, ки алтернативаи Қазоқистону Узбекистон барои воридоти гази моеъ дар як давраи муайян кадом кишвар  аст ва он бо чи арзише оварде мешавад.

.Бино ба оморҳо ба Тоҷикистон маводи сухти нафтӣ, асосан аз Руссия ва Қазоқистон ворид мешавад. Бино ба маълумоти омории мақомоти  Гумрук соли гузашта ба кишвар  беш аз 430 ҳазор тона ва дар нимсолаи авали  соли ҷорӣ бошад наздики 230 ҳазор тонна гази моеъ  ворид карда шудааст.

Шоҳин Саидов

Радиои “Тоҷикистон”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *