Шоми  имрўз финали  мусобиқаи   Лигаи Аврупо оид ба футбол миёни дастаҳои  «Севиля» -и Испания  ва «Интер»-и Италия дар варзишгоҳи «Райн энери Штадион»  баргузор  мегардад.  Акнун сару садоҳо  дар мавриди  кадом тим дар ин  бози  пирўз мегардад, хеле зиёд  аст.  Бошгоҳи  “Севиля” яке аз тимҳои  муваффақи ин мусобиқаи бонуфуз  ба ҳисоб меравад.

Ин даста дар мусобиқаи Лигаи Аврупо беҳтарин дастовардро  дорад.  Зери  роҳбарии  мураббии  овозадор Унаи Эмире  бошгоҳи «Севиля» дар се мавсим пайи ҳам дар солҳои  2014,2015,2016   соҳиби ҷоми  Лигаи Аврупо гардид. Дастаи «Севиля»  дар асри 21 аз ҳама бештар ба   финали мусобиқаҳои  Лигаи  Аврупо роҳ ёфтааст ва дар аксар марид  пирўз гардидааст.   Ин тим дар  даври ниманиҳоии   Лигаи Аврупо бошгоҳи «Манчестер Юнайтед»-ро шикаст дода ба даври  ниҳои роҳ  ёфт.

Дастаро айни ҳол Хулен Лопетеги роҳбари дорад. Ин мураббӣ дар 20 бозии  охирони хеш лаззати  мағлубиятро начашидааст. Акнун як идда коршиносони  соҳаи футбол  бар он назаранд, ки   тими  «Севиля»  имкони  шикаст додани  «Интер»-ро дорад ва эҳтимол дорад, ки  дар мусобиқаи  мазкур  боз рекорди нав гузорад.

Аммо дастаи  «Интер», ки  имсол  бо  «ситора»-ҳои дурахшонаш, махсусан Лаутаро Мартинес, Ромео Лукаку ва Алексес Санчес дар мусобиқаи  Лигаи  Аврупо  тамоми дастаҳои  рақибашро шикаст  дода,  ба даври ниҳои роҳхат гирифт.  Ромео Лукаку дар 10 бозии охирони  Лигаи Аврупо паиҳам ба  задани гол даст меёбад.  Лаутаро Мартинес  низ дар аксар маврид ба задани гол даст ёфтааст.  Дар мавриди  Алексес Санчес низ ҳаводорони футбол огоҳ ҳастанд, ки  ин  бозингар чи гуна дар тимҳои «Барселона», «Арсенал» ва «Манчестер Юнайтед» ҳунарнамоӣ кардааст.

Антонио Конте бошад ба ҳайси  мураббӣ  дар фаъолияти хеш бори нахуст  дар мусобиқаҳои умумиаврупоӣ ба  даври  ниҳоӣ  роҳхат  гирифтааст.  Ин мураббӣ ба расонаҳои  варзишии италиявӣ гуфтааст, ки «Ман ва шогирдонам  медонем, ки    бошгоҳи «Севилия» чӣ қудрат ва тавоноӣ дорад.  Аммо ҳар  даста ба таври худ нисбати рақибаш тактикаҳои махсусро истифода мебарад.  Ман низ нисбати рақиби худ дастаи «Севиля» нақшаҳое дорам. Аммо пешопеш як нуктаро гуфтаниям, ки  барои манн ва шогирдонам калимаи тарсу ваҳм вуҷуд надорад»- гуфтааст Антонио Конте сармуррбии  дастаи «Интер».

Дастаҳои  «Севиля» ва «Интер» ягон   маротиба  на дар доираи бозиҳои дӯстона ва на дар доираи ягон мусобиқа ба ҳам дидор анҷом надодаанд.  Ҳарду сармураббӣ Лопатегӣ ва  Конте низ қабалан низ ба ҳайси мураббӣ   рӯ ба рӯ нагардида буданд.

Чанд бозии охирони  дастаи  «Интер»  нишон дод, ки  ин даста ба задани голҳои бештар имконият дорад. Дар аксар марид ба  дарвозаи рақиб ба задании ду ва се туб дастёб мегардад.  Дар ин шом низ  тими  «Интер» аз эҳтимол дур нест, ки ба дарвозаи  рақиби хеш  дастаи «Севиля»  ду ва ё се туб ворид карда,  ғолиби ҷоми Лигаи Аврупо дар  мавсими имсола гардад.

Саъдӣ Ғоибов

Радиои “Тоҷикистон”