Ҳоло дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук баҳси доманадоре атрофи номаи як гурӯҳ донишҷўёни бахши 4-уми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино дар ҷараён аст. Ин номаи донишҷўёнро Маликабону Абдуллозода, яке аз кобарони ин шабака бо нусхабардорӣ ва пешниҳоди суоли «Вазорати маориф куҷоро нигоҳ мекарда бошад?» ба Фейсбук кўчонидааст.

Дар нома гуфта мешавад, ки тибқи фармони вазири маориф ва илми кишвар мебоист мо донишҷўён бидуни имтиҳонсупорӣ ба таври автоматӣ аз бахши 4-ум ба 5-ум мегузаштем, аммо моро муваззаф кардаанд, ки 5 имтиҳони тобистонаро ҳоло бояд супорем, ки ин хилофи фармони вазир мебошад. Дар баробари ин ба дўши мо бори дигар, яъне пардохти маблағи кредитии имтиҳонҳои мазкурро низ зам намудаанд ва барои пардохти он 2 рўз муҳлат додаанд. Дар поёни мактуби донишҷўён аз корбарон хоҳиш карда мешавад, ки ба ин мушкили онҳо расидагӣ карда шавад ва арзи онҳо ба вазири маориф ва илм рафта бирасад. Ба таъкид дар номаи мазкур зикр гардидааст, ки  «…дар ин ҳолати вазнини иқтисодӣ мо шароити супоридани маблағи кредитҳои имтиҳонҳоро надорем…»

Дар қисмати шарҳи ин матлаб Шукрулло Мирмаҳмедов, яке аз истифодабарандагон ба муаллифон тавсия додааст, ки ҳама якҷоя арзашонро ба вазири маориф бурда, посухи ўро наворбардорӣ кунанд. Ин корбар бо боварӣ изҳор доштааст, ки мушкили мазкур ба зудӣ ҳал гардида, оқибаташ ба хубӣ анҷом хоҳад ёфт.

Мурод Шукуров бо нигаронӣ ин нуктаро арзёбӣ кардааст, ки феълан бисёре аз вазорату идораҳо фаъолияти қаноатбахш надоранд. «…аз ҷумла, маориф, тандурустӣ, нақлиёт, алоқа ва ғайра…» – нигоштааст ин муаллиф.

Дар робита ба масъалаи мавриди баҳс, Салима Абдурраҳмон шарҳ додааст: «Духтари ман пули кредиташро супорид. Боз онҳо гуфтаанд, бояд панҷ имтиҳони нагузаштаро супоранд. Маҳз ҳамон имтиҳонҳое, ки ба давраи авҷи коронавирус дар кишвар рост омада буд ва тибқи фармони вазири маориф бояд донишҷўён ба таври автоматӣ гузаронида мешуданд.

Дар посух ба шарҳи Файзинисо Ҷўраева, ки нигоштааст: «Ба фикри ман ин кор ба нафъи худи донишҷўён буда, бо супоридани имтиҳон донишашон такрор ва такмил меёбад», Саид Назаров гуфтааст: «Ба донишҷӯёне, ки нав аз карантин баромадаанду пеш ба онҳо ваъдаи ҳалли масъалаи имтиҳон дода шудааст, супориши ғайричашмдошти  пардохти пули кредит албатта гарон меафтад. Ҳадаф аз ин на масъалаи такрору такмили дониш, балки тиҷорат аст»

Маъруф Муҳиддин дар иртибот ба ин масъала ҳаминро гуфтааст, ки бигзор супоридани имтиҳон ҳатмӣ карда шавад, аммо донишҷўён набояд пули кредитро пардохт намоянд.

Дар ин замина, Маликабону Абдуллозода ёдовар шудааст: «То донишҷўй ин маблағро ба хазинаи донишгоҳ насупорад, ба имтиҳон роҳ дода намешавад»

Як бонуи корбар бо исму насаби Дилрабо Саидова бо таассуф ин нуктаро арзёбӣ намудааст: «Мехоҳам вобаста ба ин масъала нависам, аммо духтарам намегузорад, зеро ў донишҷўст ва мегўяд, ба доди мо касе намерасад»

«Ибтидо ба донишҷўён бояд мефаҳмонданд, ки дар давраи карантин ба имтиҳонҳо омодагӣ бинанд, китобҳои марбут ба ихтисосашонро варақ зананд ва тирамоҳ онҳоро хоҳанд супорид» – зурк кардааст Хабир Давлатов, яке аз иштирокдорони баҳси мазкур.

Озода Махсумзода, яке аз корбарон дар қисмати шарҳи ҳамин матлаб ба масъалаи зиёд будани шартномаи донишгоҳҳо дахл кардааст. Аз ҷумла мавсуф навиштааст: «Маоши миёнаи мардум чӣ қадар аст, ки маблағи шартномаи донишгоҳҳо ба арши аъло расидаанд? Масалан, ҷиянам бо 465 балл ба Донишгоҳи тиббӣ ба таҳсили шартномавӣ фаро гирифта шудааст. Тибқи мушоҳида, аз рўзе, ки дохил шудааст, аъзои оила ба фикру андеша ғўтта задаанд, ки аз куҷо пул дарёфт кунанд. Агар супорида натавонанд, дониши духтар ҳайф мешавад. Ҳадди ақал, масъулин оилаҳои камбизоату ҷавонони болаёқатро ба назар гирифта, аз маблағи шартнома озод мекарданд, хуб мешуд.

Дар робита ба номаи донишҷўён, ки аз пардохти маблағи кредит изҳори нигаронӣ намудаанд, Ҷумъабой Дустов иброз доштааст: «Ин сирф як роҳи пулкоркунӣ мебошад. Агар иштирок накардан дар дарсҳо ва насупоридани имтиҳонҳо бо гуноҳи донишҷўй сурат гирифта бошад, дигар гап. Модоме, ки вазорат чунин тасмим гирифтааст, пас барои чӣ бояд донишҷўён ба донишгоҳ маблағ супоранд? Бе ин ҳам вазъияти аксари донишҷўён аз ҷиҳати иқтисодӣ вазнин аст. Магар вазорати маориф ва маъмурияти донишгоҳ ҳамин тавр донишҷўёнро дастгирӣ менамоянд, ё аз рўйи масали «Гўр сўзаду дег ҷўшад» амал мекунанд?»

Дар хотимаи баҳси макур, корбаре бо исми Зубайда, ки худро омўзгор муаррифӣ кардааст, бо як ҷумла навиштааст: «Дар ҳақиқат фармони Вазорати маориф буд ва мо ба ҳамаи донишҷўён ба таври автоматӣ баҳо мондем»

  Дилшоди Муҳаммад, масъули

бахши “Афкор”-и барномаи “Бозтоб”