Сарваройи Тоҷиддин дар муассисае таҳсил мекунад, ки ҳамагӣ 8 хонанда дорад.  Ў дар синфи чорум мехонад. Манзараи зебои атрофаш Сарваройро  ба тасвири Ватан водор мекунад.  Дар ҳар китоби варақзадааш мехоҳад шеъре дар тарануми Ватан аз ёд кунад ва ҷумлаеро бинад, ки зебоиҳои назаррабои кишварашро инъикос намояд. Истиқлолиятро тасвир мекунаду аз ободию озодии Ватан сухан мегӯяд.

Деҳаи Гули Сурхи шаҳри Норак дар яке аз мавзеҳои зеботарини кишвар воқеъ гардидааст, зеро чор тарафи ин деҳаро кўҳҳои сабзу дарахтпӯш оро додаанд. Сангҳои резашудаю ранга дилрабоии ин деҳаи хурдакакро дучанд афзудааст.  Ин мактаб хурдтарин муассисаи таълимии Вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.

Кӯдакону наврасон арзиши Истиқлолиятро медонанд, зеро омӯзгорон барояшон қисса кардаанд. Мо ки дар арафаи ҷашни бошукуҳи Истиқлолияти кишвари азизамон қарор дорем, Сарварой ҳам кӯшиш мекунад, ки бештар дар васфи ин сарвати беназир шеър гўяд.  Аз андешаҳои ин кӯдаки ширинзабону ояндабин маълумамон шуд, ки ба хондану омӯзиш рағбати беандоза дорад.  Даврони таътилро низ бефоида нагузаронида китобҳои зиёду шеърҳои бисёр хондам, мегуяд Ў.

Муассисае, ки Сарварой таҳсил мекунад, аз муассисаҳои пойтахту атрофи шаҳр ба кулӣ фарқ дорад. Дар назар чунин менамояд, ки ин мактаб аз оддитарин шароити муосир маҳрум аст. Кўдакони дар деҳаи Гули Сурх тавалудшуда ҳамагӣ чор сол дар муассисаи деҳаи худ таҳсил мекунанд.  Бароямон хеле ҷолиб намуд, ки  кўдакон  бо ҳаяҷону завқ ҷониби мактаб мешитобанд. Бо ин шакл чӣ гуна метавон дар бедории завқи онҳо ба хондан таъсир расонд?

Мавҷуд будани майдончаи варзишӣ муҳимтарин талабот дар ҳар як муассисаи таълимӣ аст, зеро давидану ҷаҳидан ва машқу тамрин сабаби солимии ҷисм мегардад ва ҷисми солим боис ба солимии руҳ мешаваду дар натиҷа бедории мафкура ба миён меояд. Ба ин хотир масъулини мақомоти шаҳри Норак дар  муасиса майдончаи варзишӣ таъсис диҳанд, аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Майдончаи варзишӣ на танҳо барои тарбияи ҷисмонии хонандагон, балки василаи саргармии кулли наврасону ҷавонони ин деҳа низ мегардад.

Шояд баъзан андешае тавлид мешавад, ки барои 8 хонанда маблағ сарф кардан ба манфиат нест, аммо  ин 8 хонанда оянда тарбиятгари  даҳҳо насли дигар мешаванд. Аммо аз андешаҳои директори муассиса  Муслима Маҳмадиева  бармеояд, ки ояндаи кӯдакон андешида мешавад ва барои як кўдак ҳам ки бошад заҳматро дареғ намедоранд.

Албатта, оне, ки дониш дорад, одобу тамиз ҳам дорад. Хулқу атвори нек ҳам аз донишу маърифат манша мегирад. Мактаб барои кӯдакону наврасон беҳтарин макон аст. Нақше, ки аз мактаб дар зеҳн тасвир мешавад, хотирмону фаромӯшношуданист. Мо бовар дорем, ки Сарварой ва  ҳамсабақону ҳаммактабиёнаш бо илму дониши қавӣ ба камол расида ободкунандаи мактабу деҳаи худ мешаванд. Яқин аст, ки саҳми чунин хонандагони дурандеш дар пешрафту ободии кишвар ҳам мерасад. Бигзор теъдодашон зиёд бошаду зеҳнашон боз ҳам қавитар.

Фарзона Маҳмадиева 

Радиои “Тоҷикистон”