18 август ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи тиб  ҷашн гирифта мешавад. 1040 сол муқаддам  дар ин рӯз фарзанди номвари тоҷик,  донишманд,  файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино  ба дунё омада,  ба шарафи зодрӯзи ин аллома соли 1995 Парлумони ҷумҳурӣ 18 августро ҳамчун Иди касбии табибон ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд. Имрӯз табибони тоҷик бо ифтихор худро ворисони Сино ҳисобида, баҳри солимии миллату давлат талош менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба ин сана субҳи имрӯз дар пояи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино дар пойтахти мамлакат маросими гулчанбаргузорӣ барпо гардид. Дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, роҳбарони муассисаҳои тандурустии мамлакат ва меҳмонон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки табиби касбӣ пурифтихор буда, табибон охирин даргоҳи умеди беморон маҳсуб мешаванд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст». Аз ин рӯ табибонро метавон «фариштаҳои сафед» ном бурд.

Солимии ҷомеа  дар ҳама давру замон солимии миллат, давлат ва дар маҷмӯъ, сайёра дониста мешавад. Ҳамин аст, ки бо пайдо шудани бемориву маризиҳои гуногуни сироятӣ имрӯз бо қудрату тавоноӣ ва идроки ҳамидаи табибон аксар маризиҳо решакан  мешаванд.

Ба муносибати  иди касбии кормандони тибби  Тоҷикистон  хабарнигори АМИТ «Ховар» бо фаъолияти кормандони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» шинос гардид.   Дар ин муассиса кори табибон  ва кормандон нисбат ба дигар  шифолхонаҳо душвортар буда, он аз табибон  масъулияти зиёд талаб мекунад. Табиист, ки инсонҳои бемор нозуку заиф буда, хусусан маъюбон бештар ба навозишу дилбардорӣ эҳтиёҷ доранд. Аз ҳамин хотир табибони «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» мекӯшанд бо ҳар бемор муоширати хуб дошта бошанд.

Тавре табиби муассисаи мазкур Амирҷон Абдуалимов иброз дошт, “пеш аз он ки беморонро бо дору дармон кунем, бояд  бо суханҳои хубу ширин онҳоро рӯҳбаланду ба зиндагӣ дилгарм созем”.

Ба гуфтаи  директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» Муродалӣ Рӯзиев, дарди як нафар дарди ҷомеа буда, мо, табибон бояд аз дарду заҳмати ҳамдигар ҳамеша огоҳ бошем. Мардуми маъюб ҳамеша ба меҳрубонию ғамхорӣ ниёз доранд. Як сухани нағз, муомилаи хуш ва ҳамдамию дастгирӣ  барои беморон аз ҳама чизи дунё беҳтар мебошад.

«Имрӯз табибону олимон ва коршиносони «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» бо мақсади  солимгардонии беморону маъюбон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, самаранокии назорати диспансерӣ, омӯзиши бемориҳои дорои ҷанбаи иҷтимоӣ, ҳамкории байнисоҳавӣ,  ба низом овардани кори комиссияҳои машварати табибии муассисаҳои тиббию профилактикӣ, аз ҷумла беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва коҳиш додани сатҳи маъюбӣ корҳои зиёде анҷом дода, ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд. Яке аз чорабиниҳои солимгардонии маъюбон гузаронидани корҳои тавонбахшӣ буда, дар муассиса  ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир  карда мешавад. Ҳоло дар ин марказ дар баробари фаъолияти шуъбаю бахшҳои тавонбахшӣ  инчунин ҳуҷраи сенсорӣ ва эрготерапия, механотерапия таъсис дода шуда, беморон бо ин намуди  табобат фаро гирифта шуданд»,- гуфт Муродалӣ Рӯзиев.

Толори варзиши муолиҷавӣ дорои 3 адад велотренажёр, 3 адад тренажер барои давидан, 3 адад тренажер барои қувва гирифтани мушакҳо, асбоб барои варзиши бадан, тӯбҳо ва ҳавзи пур аз тӯпчаҳо, воситаҳои сенсорӣ, инчунин асбоби иловагӣ барои офиятбахшии маъюбон мебошад. Тибқи тартиби корӣ, ҳамарӯза беморону маъюбони бистаришуда бо машқҳои табобатӣ- тавонбахшӣ фаро гирифта мешаванд.

Ҳоло  дар «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» ҷиҳати барқарор намудани қобилияти кории онҳо барномаҳои инфиродии тавонбахшӣ таҳия гардида, тибқи нақшаи тарҳрезишуда, батадриҷ табобати тавонбахшии онҳо ба роҳ монда шудааст. Баҳри пешгирӣ, коҳиш додани сатҳи маъюбӣ ва паст намудани хуруҷи бемориҳои дорои ҷанбаи иҷтимоӣ мутахассисон беморону ниёзмандонро тавассути бахшҳои амбулаториву табобатӣ ба хизматрасонии тиббӣ фаро мегиранд. Дар Бахши амбулаторӣ қабули беморон аз рӯи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза ба шахсони маъюб ва оилаҳои камбизоат ба таври ройгон хизматрасонии тиббӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар ҳуҷраи гиёҳдармонӣ бо истифода аз растаниҳои шифобахши ватанӣ ҳамарӯза барои беморони бистаришуда, инчунин беморони амбулаторӣ табобати гиёҳдармонӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар муассиса 4 нафар унвонҷӯ ва 1 нафар докторант фаъолият менамоянд.

Ба зикри Муродалӣ Рӯзиев, бо назардошти сол то сол афзоиш ёфтани аҳолии ҷумҳурӣ, зиёд шудани дарозумрии шаҳрвандони мамлакат ва баррасии баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба пиронсолон дар сохтори Пажӯҳишгоҳ тағйирот ворид шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби таҷдиди сохтор дар қисми илмии муассиса «Бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолон» таъсис дода шуд, ки вазифаҳои ин бахш маҳз ба омӯзиши илмии масъалаҳо вобаста ба пиршавии аҳолӣ, хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолон равона шудааст.

 

Бо мақсади  дастгирии табақаҳои  ниёзманди аҳолӣ  соли 2016 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” ба тавсиб расид. Барномаи мазкур хусусияти иҷтимоӣ ва зиддибуҳронӣ дошта, татбиқи он бо дарназардошти ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 ба тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ, солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон нигаронида шудааст. Барномаи пешниҳошуда мақсадеро пайгирӣ месозад, ки ҳамчун восита барои қонеъгардонии ниёзмандиҳои маъюбон бо роҳу усулҳои натиҷабахшу самаранок хизмат намояд. Он бар ҳамкорӣ ва шарикӣ асос ёфта, барои ташаббусу эҷодкорӣ дар сатҳи ҷомеа бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда, аз ҷумла молиявӣ, инфрасохторҳо ва инсонӣ мусоидат менамояд ва ҳамчунин муносибатҳои нав ва усулҳои амалиро татбиқ месозад.

  Холисаи АСОМИДДИН,
Тоҳири САИД,

Манбаъ: АМИТ «Ховар»