Тавре аз Маркази миллии тестӣ ба Радиои “Тоҷикистон” хабар доданд, аз  20.000 довталаби дар азнавбақайдгирӣ  иштироккарда, 13.000 нафарашон  гурўҳи ихтисосҳоро интихоб  намуданду комёб шуданд, қариб 7000 нафар бенасиб мондад, яъне аз озмун нагузаштанд.

 Маълум аст, ки аз санаи  10 то 13 августи  соли ҷорӣ  довталабоне, ки  аз озмуни  тақсимоти асосӣ  нагузаштаанд, аз азнавбақайдгирӣ гузаштанд. Тамоми ихтисосҳои  боқимонда дар сомонаи Марказ  гузошта  шуданд, то довталабон ихтисосҳои  ба худ  писандро интихоб  намоянд ( аз рўи 12 гурўҳи итисосҳо) ва шаби 16-ум ба субҳи  17-уми август  ба телефони мобилии онҳо  СМС- Паёмак омад, то кадоме аз онҳо комёб шуданд.

Дар назар аст, ки озмуни тақсимоти такрорӣ- иловагӣ рўзҳои наздик  дар назар хоҳад буд.

Ҷамолова  Ҷамила

 Радиои « Тоҷикистон»