Мусаллам аст, ки парандапарварӣ аз соҳаҳои муҳиму заҳматталаби кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, аз ҷумла тухм ва гўшти парҳезӣ, нақши калидӣ дорад. Тибқи иттилои сомонаи вазорати кишоварзии мамлакат  бо пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ оид ба рушди соҳаи парандапарварӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи корхонаҳои нави парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ ба 170 адад расонида шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 адад зиёд мебошад.

Дар ҳамин ҳол Давлатчон Комилзода-академики академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, пас аз додани имтиёзҳо истеҳсоли тухм 3 маротиба ва истеҳсоли гўшти паранда 4 маротиба зиёд гардид. Ин ҳамкаломи мо мегўяд, ки интизор меравад, то ба интиҳои соли 2020 теъдоди истеҳсоли тухм дар кишвар 900 миллионро убур кунад.

Ба андешаи Давлатчон Комилзода-академики академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон , бо вуҷуди рушди соҳа имрўз мо наметавонем тибқи меъёри дар кишвар қабулшуда бозори истеъмолиро бо маҳсулоти соҳаи паррандапарварӣ таъмин намоем. Ин ҳамсуҳбати мо омили асосии ин мушкилотро дар камтаваҷҷуҳии бошандагони деҳот ба парандапарварӣ мебинад. «Агар-мегўяд, Давлатҷон Комилзода- ҳар як оила дар деҳот як мурғӣ  парвариш кунад, 1 миллион, дар ҳоли 10 мурғӣ парвариш кардан, дар кишвар 10 миллион мурғи тухмдеҳ ва ё гўштӣ зиёд мегардад».

Сабаби дигари ба таври дилхоҳ рушд накардани соҳаро дар кишвар ҳамсуҳбати мо дар муназзам рушд накардани парандапарварӣ дар манотиқи ҷумҳурӣ медонад. Ба ақидаи онҳо дар вилояти Суғд рушди соҳа чашмрас аст, аммо мушкилӣ дар ВМКБ ва баъзе навоҳии Хатлон бараъло ба назар мерасад.

Бино ба назари мутахассисони соҳа метавон аз як кроси мурғи тухмгузор аз 300 то ба 320 тухм  гирифт.  Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар кишвар иқтидори маҳсулнокии кросу зотҳои парандаҳои мавриди истифода қарордоштаро дар доираи 70-80  фисад истифода мебаранд. Дар ин самт кадом мушкилот ҷой дорад? «Мушкилии асосӣ ба иқлими кишвар мутобиқ набудани навъу зотҳои ба кишвар воридшуда аст, ки дар ин самт олимони Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат, Институти чорводорӣ ва  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон пас аз омўзишҳои қиёсӣ беҳтарин навъу зотҳои ба кишвар мутобиқшавандаро ба масъулин пешниҳод карданд»-мегўяд академик Давлатчон Комилзода.

Дар ҳама маврид барои рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ  ҳамкории олимон бо парандапарварон бар нафъи кор аст.  Ин омил боиси афзун гардидани саршумор, истеҳсоли босифати тухму гўшти паранда, беҳтаркунии зот,  баланд бардоштани маҳсулнокии соҳа мусоидат мекунад.. Умед аст, ки парандапарварони мамлакат аз таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои олимони соҳа истифода намуда, рушди босуботу босуръати соҳаро таъмин месозанд.

 Муродулло Раҳимов

Радиои «Тоҷикистон»