Сироҷиддин Муҳриддин ва Андрей Руденко масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Россияро баррасӣ карданд

  Дирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Андрей Руденкоро, ки дар Душанбе бо ҳайати ҳукуматии Россия қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарокати Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина рушди пойдори ҳамкории ду давлат дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра таъкид гардид.

Мусоҳибон инчунин роҷеъ ба пешбурди муколамаи вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия, бахусус дар заминаи татбиқи муқаррароти Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои соли 2020 изҳори назар намуданд.

Дар зимн мубодилаи афкор атрофи ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД ва САҲА сурат гирифт.

АКС аз ВКХ ҶТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *