Дар ёдгории Саразм аз соли 1983 то имрӯз бо навбат экспидитсяҳои гуногунсоҳа татқиқот мебаранд. Аз рӯи ақидаи  бостоншиносони Тоҷикистон, Фаронса, Амрико дар оссиёи марказӣ аввалин шаҳрҳо дар нимаи дуюми ҳазорсолаи чор ва ибтидои ҳазорсолаи се қабл аз милод арзи вуҷуд доштаанд. Дар ёдгории Саразм якчанд аломатҳои пайдоиши нахустшаҳрҳо низ  мушоҳида карда мешаванд.

Саразм ёдгории аҳди қадим буда, мадракҳои бостоншиносӣ собит намудаанд, ки он беш аз 5500 сол қабл нишемангоҳи гузаштагони тоҷикон ба ҳисоб меравад. Таърихи шаҳри Панҷакенти бостонӣ низ аз он ибтидо мегирад.  Ба ақидаи Академик Юсуфшо Ёқубшоев, дар байни  ёдгории Саразм якчанд аломатҳои пайдоиши нахустшаҳрҳо мушоҳида карда мешаванд. Яке аз он масоҳати ёдгорӣ то 100 гектар ва шумораи аҳоли аз 5 то 8 ҳазор мебошад. Ин бузургии масоҳати аҳолӣ ва шумораи зичии Саразм далели   шаҳрҳои аввалини шарқ будани он аст.  “Яке аз нишонаҳои шаҳр будан ин масоҳати Саразм мебошад. Саразм қариб дар  100 гектар замин доман паҳн кардааст. Аслан барои шаҳри қадим 5 гектар замин будан кифоя аст. Дуюм, ки мо  дар он ҷо хумдонҳои афзолпазӣ пайдо шуданд. Ин далели он аст, ки кулолони касбӣ кор мекарданд. Кулолони касбӣ, ҳунармандони касбӣ яке аз дигар нишонаи шаҳр аст. Дар ин ҷо маъбади оташ пайдо шудааст ва вуҷуд доштани маъбад ҳам нишонаи шаҳр будани он аст. Ҳамчунин он ҷо хазина низ пайдо гардид”- иброз дошт Юсуфшо Ёқубшоев.

Бостоншиносон мегӯянд,  аз таҳқиқотҳо бармеояд, ки шаҳраки бостонии Саразмро як нафар идора мекард. Шояд Саразм  давлат буду дар атрофаш деҳаҳо буданд. Ин фарзия аз рӯи бозёфти қабри Маликаи Саразм тақвият ёфт. Таърихшинос Давлатшоҳ Маҳмудов низ мегӯяд аз ҳама арзишмандтарин бозёфти таърхие, ки аз миёни нигораҳои Саразм пайдо карданд, ин ҷасади Маликаи Саразм мебошад. Дар он давраҳо зан обрую нуфузи баланд дошта, ба ин далел бостоншиносон чун даврони Модаршоҳӣ ёд мекунанд. “Ҷасади як ҷавонзанеро пайдо карданд, ки аз рўӣ тахмини олимон шояд, ки 16-17 сола бошад. Дар ҳамин қабр беш аз 49 дона муҳраҳои тилло пайдо шуд ва ба ғайр аз ин бештар аз 2000 ҳазор дона муҳраҳои хўрд-хўрди марворид пайдо гардидааст. Ҳамзамон, яке аз дастонаш, ки то имрўз маҳфуз нигоҳ дошта шудааст, як дастмона аз устухони моҳӣ сохта шудааст, ки ин мутааллиқи занҳое мебошанд, ки онҳо малика буданд.”- мегӯяд Давлатшоҳ  Маҳмудов.

Таърихшинос Давлатшоҳ Маҳмудов таъкид мекунад, ки  сокинони Саразми бостонӣ, ки ниёгони бевоситаи Суғдиён ҳастанд дар давраҳои минбаъдаи  таърихӣ дар кулли паҳнои Варорӯд заминаи фарҳанг ва тамаддуни маҳаллӣ  меофариданд. Дар ин сарзамин конҳои мису тилло ва қалагӣ вуҷуд дошта, саразмиён бо сангҳои қимматбаҳо муҳраҳо омода менамуданд ва аз тилло низ ҷавоҳирот месохтанд.   “Умуман мардуми Саразм ба корҳое машғул буданд. Дар он ҷо ҳам кишоварзӣ дида мешавад, ҳам ҳунармандӣ дида мешавад. Масалан сикказанӣ, тангабарорӣ ва кулолгарӣ хеле роиҷ будааст, чунки аз рўи ҳамон кўзаҳое, ки аз онҷо пайдо карданд, навъҳои хеле гуногун пайдо шуд. Косаҳо, нимкосаҳо, хумҳои калон, хурмача, нимхурмачаҳо, кўзаҳои наққошишуда, ҳатто табақҳое, ки дар асрҳои 9-10 дар Тошканду Самарқанд месохтанд. Ба монанди оҳно табақҳои гуногун пайдо шуд. Аз ҳама аҷиб, зарфҳои шишагӣ пайдо шуд. Донаҳои бозии нард низ бозёфт шуд, ки аз устухони фил сохта шудааст”.

Саразм ёдгории нодири таърихи буда, гувоҳи равшани аз давраҳои хеле қадим сукунат доштани аҷдоди тоҷикон шаҳрнишину созанда ва соҳиби маданият доштани онҳо мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки соли ҷорӣ ҷашни 5500 солагии Саразм ҳамчун razm кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии Тоҷикон дар кишварамон таҷлил мегардад. Мо итминон дорем, ки ин ҷашни бошукӯҳи бостони соҳиби таъриху тамаддуни воло будани миллати моро бори дигар дар ҷаҳон собит менамояд.

 Гулрӯ Ниёзова

Радиои “Тоҷикистон”