Оё бо танбеҳ мешавад фарзандро тарбият кард?

  Устод Садриддин Айнӣ  гуфта буданд, «Хушбахт он касест, ки дар хонадони ў каси беилму бетарбият набошад».

Имрӯз талош баҳри ин хушбахти дар кадом сатҳ аст? Оилаҳое, ки фарзандонашон   чӣ будани тарбияро намедонанд, чӣ гуна хоханд зист? Ояндаашон чӣ тавр пеш меравад. Аслан барои ба даст овардани чунин хушбахтии бузург, ки Устод Садриддин Айнӣ таъкид кардаанд, кадом роҳ наздиктар аст? Садҳо суол аст, ки ҷавоб меҳохад, то тарбия солиму чамъият комил бошад. Толстой гуфтааст, ки: « барои он ки одами ба ҷомеаи фардо заруриро тарбия бикунӣ, ҳамеша инсони комилро дар ёд дор ва пеши чашм ор. Бешак чунин инсони равшанзамиру равшанравон сазовори фарзанде мешавад, ки дар он ҷомеа хохад зист». Дар ин баробар ба роҳ мондани муносибати хубу самимона дар тарбияи солим нақши муҳим мебозад.

Равоншиносе  гуфта буд, ки «Кӯдак метавонад аз падар дида, ба модар наздик бошад ва баръакс волидайн метавонанд, аз кӯдак дида ба якдигар қаробат зоҳир намоянд». Ин андеша  чунин маънӣ дорад,  ки муносибати хуби байни падару модар, муҳаббату самимияти онҳо, якдигарфахмию эҳтиром дар байни волидон сабаби хуб шудани тарбияи кудак мегардад. Чунин падару модар метавонанд, аз зулму зуроварӣ ба фарзанд дурӣ ҷуста роҳи дурустӣ тарбияро ба роҳ монанд.

Мутаассифона,  баъзе волидон дар тарбия танбеҳро бештар истифода мекунанд, ки равоншинос Маҳмадулло Давлатов  онро усули дуруст намеҳисобад. “Сарзаниш ва танбеҳ аз нуқтаи назари психологӣ агар нодуруст сурат бигирад, як фазои зуровариро ба вуҷуд меорад. Барои иҷро накардани кор гӯшмол кардани фарзанд, носазо сухан гуфтан ба ӯ, фишор овардан, дар сурати дуруст будани сухани падару модар ҳам фарзанд онро қабул намекунад. Яъне бо танбеҳ муваффақ шудан аз имкон берун аст. Дар ин баробар фишорҳои беасосу нодуруст сабаби харобшавии рӯҳия кӯдак мегардад ва дар натиҷаи осеб дидани асаб, ҳатто хоби кӯдак вайрон мешавад. Хобҳои ваҳмангез мебинад ва ин ба тарс мубадал мешаваду бемориҳои дигари ҷисмониро ба миён меорад”- мегӯяд Маҳмадулло Давлатов

Гуфтан мумкин аст, ки падару модар ва калонсолони дигар бояд бо кӯдак аз рӯйи шафқату самимият муомила кунанд, зеро мегӯянд, ҷанини панҷмоҳа садоҳои баландро мешунавад, метарсад, ба қаҳр меояд ва таҳдид мекунад.

Вақте ҷанини панҷмоҳа садои баландро намеписандаду ба ғазаб меояд, пас кӯдак ё наврасе, ки аллакай фаҳми баду нек дорад, аз сарзаниши падару модар чӣ мебардорад. Дар ҳоле, ки ин сарзаниш таъсири бади худро дар тамоми умри инсон мерасонад. Ба пиндори равоншинос, Марям Давлатова: “Азбаски падару модар на хамеша барои фарзандори омода хастанд, на хамеша мушкили фарзандро мефахманд, баъзан ноогохона ва баъзан аз руи кахру газаб кудаконро меранчонанд, ба рухияи  кудакон зарба мезананд.онхое ки дар даврони кудаки зарбаи рухи дидаанд, онро ба рузгори худ кашидан мегиранд. Масалан духтаре, ки зери фишору зуровари бузург шудааст, зинадгиро хамингуна тасавур мекунад. Фикр мекунад, ки хама зуроваранд, чунки ин сифат дар хуни у не, дар психикаи у сабт шудааст. Аз ин ру худаш дар зиндаги курбони мегардад ва ё ба шахси озордиханда мубадал мешавад”.

Бехуда нагуфтаанд, ки  таъсири гӯшмол дар тарбия ба таъсири доруи карахткунандае монанд аст, агарчи муваққатан дардро гум кунад, ҳам шифобахш нест. Сарзаниш то  ба он ҳадд таъсири манфӣ дорад, ки писар ё духтари бо танбех бузургшуда, дар зиндагии шахсӣ низ аз ин усули номатлуб истифода мебарад. Ба ин хотир касе бояд бошад, ки ба чунин кӯдакон рӯҳия бидихад, то хашму ғазаби модар ё падарро фаромӯш созад.

Дўсти беғарази ҳар як инсон падару модари ўст. Аз ин рў, назорати ҷиддии тарбия ва таълим, вазъи саломатии фарзанд, ғамхорӣ ва меҳрубонӣ нисбат ба ў, муҳайё намудани шароити хониш ва аз ҳама муҳим, дўст доштан, қобилият ва эҳсоси ўро дарк намудан вазифаи инсонӣ ва ҷонии ҳар як падару модар аст.

Фарзона Маҳмадиева

Радиои “Тоҷикистон”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *