«ПСЖ» – аслан дастаест, ки то марҳалаи 1/8 финал омада ба таври ҳангомавӣ мувоҷҷеҳи бохт мешавад, аммо ин дафъа коршиносон аз он ҳадс мезаданд, ки имкони порижиҳо бештар аст, аммо «Аталанта» – низ рақиби «сарсахт» унвон шуда буд.  Аз ҷониби дигар бошгоҳи итолиёӣ бо ягона голаш дар қисми аввали бозӣ тавонист то дақиқаи 90-ум истодагарӣ кунад.

Чунин ба назар мерасид, ки тамом бозингарони гаронарзиштаринҳои футбол аз идомаи рақобат дур мешаванд ва ҳам Неймари овозадор аз се имкони худ истифода карда натавонист. Бо кўмаки Неймар ва Мбаппе, Маркиносу Шупо – Мотинг дар 149 – сония бо ду голашон ҳамаро ба ҳайрат оварданд.

Барои «PSG» ин марҳилаи нав баъди 25 – сол ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар намояндаҳои Фаронса дар мағлуб намудани дастаҳои Италия мушкил доранд, бо ҳисоби умумии  чор мусовӣ   ва ду бохт. Инак саҳифаи навро дар таърихи футбол боз карданд.  Ду ситораи гаронарзиши даста Неймар ва Мбаппе аввалин бор баъди панҷ ва се сол дар ниманиҳоии Лига қаҳрамонҳои Аврупо бозӣ мекунад. Шупо  Мотинг аввалин голашро дар «Лигаи Қаҳрамонҳо» баъди шаш сол зад ва ҳам голи ғалабаовар. Минбаъд номи ў вирди забонҳо хоҳад шуд.

Исфандиёр Носиров

Радиои “Тоҷикистон”