Ҷаримаи 8000 нафар барои надоштани ниқоб

Дар тарабхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо дар шаҳри Маскав барои риоя накардани чораҳои зидди бемории коронавирус беш аз 8000 нафарро ба маблағи 450 миллион рубл ҷарима кардаанд.  Дар ин бора хадамоти матбуоти  Раёсати савдо ва хизматрасонии шаҳри Маскав ба РИА Новостӣ хабар додааст. Ҷарима асосан барои вайрон кардани қоидаои бехатарӣ аз ҷумла истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва дастпӯш барои кормандон 4 ҳазор рубл, барои ширкатҳо – аз 100  то 300 ҳазор рубл, барои соҳибкорони инфиродӣ – аз 30  то 50 ҳазор рублро ташкил медиҳад. “Аз 12 май то 11 август беш аз 45 ҳазор ошхонаҳои хӯроки умумӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд”, – мегӯяд хадамоти матбуоти ин ниҳод.  Аслан  шахсоне, ки  ҷаримабандӣ шудаанд  қоидаҳои  беҳдоштиро ҳангоми фаъолият дар  ҷойи кор риоя накардаанд.  Ҳиссаи харидорони ниқоб ва дастпӯш дар мағозаҳои Маскав аз 94% дар рӯзҳои аввали кушодани мағозаҳо пас аз пандемия то 68% кам шудааст.

Саъдӣ     Ғоибов

масъули бахши хабар

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *