Дар Хоруғ омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ машғулиятҳои августиро доир намуданд

 

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами нуҳуми шаҳри Хоруғ барои омӯзгорони 14 муассисаи таълимии шаҳр машғулиятҳои таълимӣ баргузор шуданд, ки дар он тартиби баргузории дарсҳо, ҷадвали дарсӣ, корҳои безараргардонӣ, ба зергурӯҳҳо тақсим кардани хонандагон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамаи омӯзгорон мутобиқи ихтисосашон ба гурӯҳҳо тақсим шуда,  барои онҳо тарзи баргузор кардану фосила байни дарсҳо ва беҳдошти саломатии хонандагону омӯзгорон шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Гуфта шуд, ки мутобиқи қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мутбиқи шароит  дар ду ё се  баст ташкил карда мешаванд. Барои омӯзиши як соати дарсии  фанни таълимӣ 25 дақиқа  ҷудо шуда, омӯзгорон баъди  анҷоми вақти муқараршуда иваз карда мешаванд. Вобаста ба пешгирӣ аз бемории сироятии КОВИД -19 дар муассисаҳои таълимӣ басти якум аз соати 8 то 10:55, басти дуюм аз соати 11:10  то 14:05 ва басти сеюм  аз соати 14:20 то 17:15 бо танаффусҳо  муқаррар карда шудааст. Дар вақти танаффус масъулини таълимгоҳҳо корҳои безараргардониро анҷом медиҳанд.

Мудири кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Ашратшо Карамшоев гуфт, ки  тамоми роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр  бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  шинос буда, 17 август мактабҳои шаҳри Хоруғ тибқи муқаррароти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, хонандагонро дар саҳни муассисаҳои таълимӣ пешвоз мегиранд.

Дар шаҳри Хоруғ то ба имрӯз 1850 нафар кӯдакону наврасон ба таълим фаро гирифта шуда, барои таълиму тарбияи онҳо тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ногуфта намонад, ки имсол аз 375 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр 200 нафар ба муассисаҳои олии дохили мамлакат ва 108 нафар ба донишгоҳҳои олии берун аз он дохил гардиданд. Барои таълиму тарбияи насли наврас Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми тадбирҳоро меандешад, то ҳар як наврас мутобиқи леёқату дониш таҳсилро дар муассисаҳои касбию олии ҷумҳурӣ ё берун аз он идома диҳад.

Имсол сохтмони бинои иловагӣ дар назди кӯдакистони  рақами якум ба охир расид, ки арзиши харҷномавии он дар маҷмӯъ 3 миллиону 418 сомониро ташкил дод. Ҳоло сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами панҷуми шаҳр, воқеъ дар маҳаллаи табобатхонаи вилоятӣ ва муассисаи таълимии рақами 8 дар маҳаллаи Хоруғи боло идома ёфта, дар остонаи ҷашни 29-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Дар машғулиятҳои таълимӣ аз ҳамаи раҳбарони мактабҳо ва омӯзгорон даъват карда шуд, ки ба риояи тавсияҳои табибон аҳамияти ҷиддӣ дода, барои фароҳам овардани шароити бехатари таҳсил аз тамоми имконот истифода баранд. Зеро саломатии кӯдакону наврасон барои шуъбаи маорифи шаҳр дар мадди аввал қарор дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *