“Рўзи дониш” ва “Дарси сулҳ”   рўзи 17 августи соли 2020 таҷлил мегардад. Дарси аввал дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, гузаронида шуда, дар он моҳияти сулҳу салоҳ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Барои синфҳои 1-11 нақшаи намунавии тақвимии фанҳои таълимӣ, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ўзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ таҳия ва тасдиқ гардида, ба раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол карда шуд. 1-сентябр бошад, тибқи тартиби муқарраргардида, дарсҳо аз рўйи барномаҳои таълимӣ барои соли таҳсили 2020-2021 шурўъ мегарданд.

Тибқи тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ, вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (совид 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи вазорат аз 27. 07. 2020, №11/19 муассисаҳои таълимӣ бо оби нўшокӣ, об барои шустани даст, собун, маҳлулҳои дезинфексионӣ, ҳароратсанҷҳо таъмин гардидаанд. Ҳамзамон атрофи муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳо,таҷҳизот (мизу курсӣ,ҷевон ва дигар ҷойҳои ба хонанда дастрас), роҳравҳо, ошхона,ҷойҳои истифодаи доимии хонандагону омўзгорон безарар гардонида шудаанд.

Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар басти якум, соати 8-00 ва дар басти дуюм, соати 13- 10 оғоз мешаванд.Дарсҳо шурўъ аз 17.08.2020, тибқи нақшаю барномаҳои таълимии амалкунанда 45 дақиқа, синфҳои ибтидоӣ бошад, 35 дақиқа сурат мегирад. Дар сурати авҷи беморӣ, машғулиятҳо дар се баст ва ҳаҷми дарсҳо 25 дақиқа мешаванд.

Падару модарон метавонанд сару либоси фарзандонашонро аз корхонаҳои дўзандагии бо муассисаи таълимӣ шартномадошта харидорӣ намоянд, дар сурати қонеъ нагардидан аз сифат ва арзиши он, имкон доранд, ки сару либоси мактабиро аз коргоҳи дўзандагии дигар ё ярмаркаҳои мактабӣ харидорӣ намоянд.

Дар самти фаъол гардонидани кори муассисаҳои томактабӣ бошад, бояд гуфт, ки таътил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, новобата аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ, дар мувофиқа бо ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (Ковид – 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда мешавад, яъне то ба эътидол омадани вазъи эпидемикӣ дар ҷумҳурӣ, муассисаҳои томактабӣ ба фаъолият оғоз намекунанд.

Шаҳрвандон  метавонанд тариқи телефони боварии Вазорати маориф ва илми ҶТ, ки 227 76 86 мебошад, дар тамос буда, саволу дархостҳои худро пешниҳод намоянд.

                                                       Ҷамилаи Ҷамол,

 Радиои Тоҷикистон