Корхонаҳои тобеи корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳуррии Тоҷикистон  дар соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсия, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 ба истифодабарандагон ба миқдори 23 млн 753,6 ҳазор мукааб  хизматрасонии баровардани партовҳоро таъмин намудаанд. Ин нуқта зимни нишасти матбуотии Директори Корхонаҳои тобеи корхонаи вохиди давлатии «Хочагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамшед Табарзода   зикр кард.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки корхонаҳои соҳаи мазкур дар давраи ҳисоботӣ ба истифодабарандагон ба маблағи 45 млн 676,3 ҳазор сомонӣ хизматрасонӣ намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум  1 млн 379,2 ҳазор сомонӣ камбуда, 93,4 фоизро  ташкил медиҳад.

«Инчунин, бо мақсади татбиқи «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии ҶТ бо оби нӯшоки барои солҳои 2008-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, № 514 тасдиқ шудааст, дар нимсолаи якуми соли 2020, дар шаҳру маркази ноҳияҳо ҷумҳурӣ, ки хизматрасонии онҳо ба уҳдаи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» гузошта шудааст, аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 16 млн 933 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 184,6 фоизи маблағҳои талаботӣ мебошад», изҳор дошт, роҳбари корхонаи мазкур   Ҷамшед Табарзода   .

Сурайё Баротова

Радиои “Тоҷикистон”