Фарҳод Раҳимӣ: истеҳсоли чанд иловаҳои фаъоли биологӣ ба роҳ монда мешавад

Аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳо ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли иловаҳои фаъоли биологии «Камолид», «Камолин», «Мукофер», «Седармон», марҳамҳои «Проктоферуол», «Херболит» ва «Ҳербитол» ба роҳ монда мешавад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ, ки дар он доираи васеи хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар иштирок доштанд, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ баён намуд.

Бино ба маълумоти мавсуф, имрӯзҳо олимони Академияи миллии илмҳо дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология» ин иловаҳои фаъоли биологиро таҳия намудаанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар саноати дорусозии ватанӣ метавонад ҳамчун маводи воридотивазкунанда ҷои баъзе иловаҳои фаъоли биологиро, ки аз хориҷи мамлакат ворид карда мешаванд, иваз намоянд. Ҳамчунин аз растании явшон (ҷорубак) маводи фаъоли биологӣ дар шакли маҳлул ва қиём тайёр карда шудааст, ки ин маҳлул хусусияти зиддибактериявӣ ва зиддивирусӣ дорад.

О. Шарипова

Радиои “Тоҷикистон”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *