Сархати матолиби қисман иқтибосшуда:

“Ҳабҳои синтетикӣ. маводи нашъаоваре, ки оқибатҳои фоҷиабор дорад”

 “Мушкили матбааи вилоятии шаҳри Хоруғро кӣ ҳал мекунад?”,

“Автобус-ҳамом дар Душанбе”

 “Модари сегоникҳоро бо суду ҳабс таҳдид мекунанд”

 “Ронанда мегӯяд: суғурта кардани мошин маҷбурӣ аст!”

 “Бухоро – пойтахти фарҳанги ислом”

 “Устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров”

 “Қабри Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар куҷо?”

 “Толибон ва ДОИШ; Омили бештарини хушунатҳо алайҳи хабарнигорон”

“Ҷумҳурият”

Дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” таҳти уновни “Ҳабҳои синтетикӣ. Маводи нашъаоваре, ки оқибатҳои фоҷиабор дорад” матлабе чоп шудааст.

Ба гуфтаи масъулин, аслан таблетка ё ҳабҳои наркологии синтетикӣ дар марказҳои дилхушӣ ва диско-клубҳо тақсим карда мешавад, ки он яке аз навъҳои сахттаъсири маводи мухаддир аст. Чанде қабл дар шаҳри Душанбе бо ҳаҷми махсусан калон маводи нашъаовар – 2224 ҳаби синтетикӣ (экстазир) мусодира шудааст, ки аз Аврупо интиқол ёфта буд.

Ба навиштаи ин рӯзнома дар паси ҳамлу нақл, қочоқ ва савдои ҳабҳои нашъаовар ширкату созмонҳои фаромиллӣ меистанд, ки тавассути ин маводи марговар соҳиби миллионҳо доллар мешаванд…Ҳабҳои синтетикиро дар дохили қуттиҳои ҷой ҷойгир намуда, тавассути нақлиёти боркаш вориди кишвар мекунанд.

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз қавли Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон роҷеъ ба ин масъала овардааст: “Истеъмолгарони асосии воситаҳои нашъаовари синтетикии психотропӣ ҷавононанд. Як ҳаби он аз 15 то 20 доллари ИМА нарх дошта, ҷинояткорон онро маъмулан дар муассисаҳои фароғатӣ мефурӯшанд…”

Дар ҷои дигари ин матлаби рӯзнома омадааст: “…Дар шаш моҳи соли равон, аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар 10 ҷиноят ошкор ва дар натиҷа 1649 ҳаб, инчунин, зиёда аз 14 килограмм моддаҳои психотропӣ аз муомилот бароварда шуд… Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ теъдоди расмии нафарони гирифтории нашъамандӣ дар кишвар ба 5190 нафар расидааст.

“Садои мардум”

Дар нашрияи “Садои мардум” бо номи “Мушкили матбааи вилоятии шаҳри Хоруғро кӣ ҳал мекунад? матлаби таҳлилие чоп шудааст. Дар ин мақола аз шароити бади нашрияҳову матбааҳои минтакаи Бадахшон то ғайб задани маблағҳои ҷудо шуда барои муҷаҳҳазгардонӣ ва таъмиру таҷҳизонидани матбааҳо қисса мешавад. Ҷои пӯшида нест, ҳанӯз фаъолияти аксар нашрияву матбааҳои шаҳру навоҳии кишвар бинобар шароити номусоиди корӣ, ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Дар матлаби ин нашрия мехонем, дар шаҳри Хоруғ яке аз корхонаҳои пуриқтидори вилоят – Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои Бадахшон зиёда аз панҷ сол аст, ки кор намекунад. Сармуҳаррирон сарсон шуда, рӯзномаҳоро дар шаҳри Душанбе чоп карда, баъди такудави зиёд ба маҳаллашон мерасонанд. Ин тарзи кор аз соли 1996 давом дорад. Бо гузашти солҳо матбааҳои ноҳиявӣ, ки дар тобеияти Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои ВМКБ буданд, валангор шуданд ё онҳоро ба шахсони алоҳида фурӯхтанд. Дар ин миён чанд раиси вилоят ва шаҳр иваз шуд, вале касе мушкили матбааи вилоятро ҳал карда натавонист…

Нашрия хотирнишон мекунад, ки соли 2004 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилоят барои харидани дастгоҳи нави чопӣ 120 — 150 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Бо ин маблағ аз матбааи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон мошини истифодашудаи тамғаи «Доминант» (истеҳсоли Олмон) харидорӣ ва дар матбааи шаҳри Хоруғ насб карда шуд, вале баъди як сол он корношоям гардид…Аз байн чанд сол гузашт, аммо аҳволи матбааи вилоятӣ ҳеҷ не ки беҳтар шавад. Сармуҳаррирони рӯзномаҳои вилоятӣ ба «тарзи нави кор», яъне, чопи рӯзномаҳо дар матбааҳои шаҳри Душанбе, одат карданд.

Ба навиштаи “Садои мардум” рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» ҳар сол барои чоп ба хазинаи Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи Озод»-и шаҳри Душанбе 100 ҳазор сомонӣ мегузаронад ва, албатта, рӯзномаҳои «Пайғоми Рӯшон», «Шоҳдара», «Зиндагӣ», «Сарыкол», «Маърифати Шуғнон», «Ватан», «Дарвоз» ва «Оинаи зиндагӣ» ҳам бе маблағ чоп намешаванд. Агар ин ҳамаро ҳисоб кунем, маблағи зиёдро ташкил медиҳад. Дар интиҳои матлаб нашрия пурсишеро ба миён мегузорад, ки маблағҳое, ки дар солҳои 2004-2015 барои муҷаҳҳазгардонии Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои ВМКБ ҷудо карданд, куҷо ғайб заданд? Чаро аз мақомоти дахлдор касе боре пурсуҷӯ накард, ки онҳо чӣ гуна истифода шуданд?

Тоҷикистон

Дар нашрияи “Тоҷикистон” бо номи “Автобус-ҳамом дар Душанбе” нигоштаеро мехонем. Дар он аз ҷумла омадааст, “…дар фасли гармо, ки дамои ҳаво 36-38 дараҷаро ташкил медиҳад, агар боре ба автобус савор шавед, фикр мекунед, ки ба ҳаммом дохил шудед. Чунон гарму буғ аст, ки бо бӯи арақи аз тан мешорида ҳавои бадеро ба вуҷуд меорад ва нафаскаширо мушкил мегардонад. Ҳамаи мусофирон ба ҳам зич меистанд ва кариб фосил аи иҷтимой риоя намешуд. Ҳол он ки бемории вогири коронавирус пурра нест нашудааст…”

Дар ҷои дигари матлаби ин нашрия мехонем, кондитсионерҳое, ки автобусҳо дар оғози фаъолияти худ доштанд, холо дар истифода нест. Ва ронандаи яке аз автобусҳои шаҳрӣ гуфтааст, аз сӯзишворӣ (солярка) танқисӣ мекашанд ва дигар ин ки  барои кондитсионерҳо “фреон” лозим аст, лек ҳамон “фреон” нест, ки онро ба кор дароранд…

Нашрия дар идомаи матлабаш навиштааст: “Аз ин маълум мешавад, ки масъулони болоӣ фориғболӣ мекунанд ва ба ин мушкилот расидагӣ намекунанд. Бар асоси пурсишхои ин нашрия дар робита ба мушкилоти мавҷуда, корхонаҳои салоҳиятдор ҳали масъаларо ба дӯши  якдигар вогузор мекунад…”

“Модари сегоникҳоро бо судуд ҳабс таҳдид мекунанд”,- унвони матлаби дигари нашрияи Тоҷикистон аст. Дар ин нигошта аз вазъи душвори зиндагии Ширинмоҳ Алиева, модари тифлони сегоник дошта, дар ноҳияи Файзбод қисса мешавад. Дар ин навишта аз қавли ин модари ҷавон оварда шудааст, ки бо қарори раиси ноҳияи Файзобод барои ҳар як фарзандаш то яксолагиашон 100 сомонӣ ҷудо шудааст, вале ин ба онҳо намерасад, зеро дар як руз барои фарзандонаш то 100 сомонӣ харҷ мекунад. Ширинмоҳ Алиева дар суҳбат бо ин ҳафтанома гуфтааст, мушкилоти аз ҳама калонашон надоштани ҷой барои иқомат аст, ки 10 сол боз дар хонаи падару модараш зиндагӣ доранд. Даҳҳо маротиба барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ба ҳукумати ноҳия ариза кардаанд, вале он ҳам бенатиҷа…Нашрия навиштааст, наход дар Файзобод барои ҳақталошии як модари ҷавон, ки бо доди Худо соҳиби се тифл гаштааст, бо суду ҳабс тахдид кунанд ва бахши кор бо занони ноҳия ба ҷойи ҳимоя ва ҳифозати модару кӯдак ба ӯ фишори равонй орад?

Фараж

Нашрияи “Фараж” бо номи “Ронанда: суғурта кардани мошин маҷбурӣ аст!” матлаберо чоп кардааст. Дар пешгуфтори ин нигошта омадааст, Абдулло Абдуллоев, муовини якуми Директори генералии КВД “Тоҷиксуғурта” хона ва мошин молу амволи шахсии шаҳрвандон маҳсуб меёбанд ва суғурташавии онҳо ихтиёрӣ аст. Яъне суғуртаи воситаи нақлиёт, ки ҳамчун амволи шахсӣ ҳисоб мешавад, ихтиёрӣ амалӣ карда мешавад. Масъулияти воситаи нақлиёт ҳатмӣ мебошад”,- гуфтааст ӯ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки моликони мошинҳо назари дигар доранд. Аз нигоҳи Мурод ном ронанда, ки тӯли 10 сол боз дар хатсайри Истаравшан-Хуҷанд ба мусофирбарӣ машғул аст, суғуртакунии мошин аслан лозим нест. Ӯ дар суҳбат бо ин нашрия гуфтааст, ки дар вақти муоинаи техникӣ мошинашро суғурта кардааст ва дар маҷмуъ барои гузаштаи муоинаи техники харсол 1150 сомонӣ сарф мекунад ва сугурта хам дар ин ҷо дохил мешавад. Ҳамаи ин маблағҳоро ӯ дар БДА барои гузаштани муоинаи техникӣ хароҷот мекунад. Дар сурати надоштани суғуртаи мошин, аз ҷониби кормандони БДА ба миқдори 80 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Агар мошин суғурта надошта бошад, аз муоинаи техникӣ намегузарад. Ҳоло оинаи пеши мошинаш дар садама шикастааст. Зӯри ронандагон ба ширкатҳои суғурта намерасад. Ронандаҳо баъд аз саргардониҳои зиёд аз баҳри ин маблағ мебароянду дигар муроҷиат намекунанд,- гуфтааст ӯ.

Алишер ном ронандаи дигари хатсайри Истаравшан-Зафаробод, ки аз соли 1995 то инҷониб ронанда мебошад, мегӯяд, суғурта кардани мошин бефоида аст, зеро ягон маблағ намедиҳанд.Вале рӯзноманигор Шамсулло Фозилов, ки мошини шахсӣ дорад, мегӯяд: “Ҳар як ронанда бояд мошин ва ҳаёти худро суғурта кунад. Ин аз худи ронанда вобаста аст, ки бо чанд сомонӣ мехоҳад мошин ва ҳаёташро суғурта кунад. Ҳамаи ин ба хотири он аст, ки дар сурати рух додани садамаи нақлиётӣ ва зарар дидани инсон ширкати суғуртавӣ маблағи таъмири мошин ва ё ҳаёти инсонро дар доираи меъёрҳои муқарраргардида пардозад”.

Гуфта мешавад, пардохти маблағ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба ширкати суғуртавӣ сурат мегирад. Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё ронандагону нафарони мошину ҳаёташонро суғуртакарда метавонанд бе монеа ва сари вақт маблағашонро аз ширкатҳо дастрас намоянд? Ин суолест, ки аз КВД “Тоҷиксуғурта” шарҳи бештар мехоҳад, навиштааст нашрия.

Баррасии матбуоти хориҷӣ

Овози тоҷик

Дар шумораи ахири рӯзномаи тоҷикзабони қадимаи “Овози тоҷик” дар Ӯзбекистон бо номи “Бухоро – пойтахти фарҳанги ислом” матлабе чоп шудааст. Дар пешгуфтори ин нигошта омадааст: “Соли 2020 бино ба қарори Созмони конфронси исломӣ доир ба масоили таълим, илм ва фарҳанг — АЙСЕСКО (ISESCO) шаҳри Бухоро «Пойтахти фарҳанги ислом» эълон гардид. Бояд гуфт, ки соли 2007 шаҳри Тошканд сазовори ин ном гардида буд…”

Дар ҷои дигари матлаби ин нашрияи тоҷикони Ӯзбекистон атрофи зиёрати яке ҷойҳои ҷолиби ин шаҳри шариф қисса мешавад, ки ҷӯйи Мӯлиён ном дорад. Хотирнишон мешавад, ки қабл аз ҳама худи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Бухороро пазмон шуда буд. Вақте сурудро оғоз кард, дар баробари ӯ, созаш низ ба нолидан даромад.

Муаллифи матлаб навиштааст, “дар асл рӯду об бӯй надоранд. Вале ба димоғи Рӯдакии шоир бӯйи гулу гиёҳҳои соҳили Мӯлиёни қадим зад, накҳати онҳоро эҳсос кард. Охир дар соҳили он рӯд боғҳои биҳиштосои Сомониён доман густурда буданд ва ин суруд шоҳу гадоро ба сӯйи Бухоро кашид…”

Дар идомаи ин матлаби “Овози тоҷик” – минбари тоҷикони Ӯзбекистон мехонем, “Ҷӯйи Мӯлиён имрӯз низ вуҷуд дорад. 5-6 фарсах дуртар аз шимоли Бухоро, қасри тобистонаи Ситораи Моҳи Хосса ва шафати дарвозаи рамзии имрӯзаи Бухороро убур карда, ба сӯйи қибла ҷорист…”

Дар идома рӯзномаи “Овози тоҷик” навиштааст: “Шурӯъ аз аҳди Рӯдакӣ то солҳои 60-уми қарни сипаригардида сарчашмаи ҷӯй дарёи Зарафшон буд, ҳоло ба он ҷӯй тавассути насосҳои муқтадир аз дарёи Ому об кашида мешавад. Ҷӯйи Мӯлиён дар қарни XV маълуму машҳур будааст…”

Гуфта мешавад, ин қасидаи  Одамушшуаро- Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ ба забони ӯзбекӣ 7 маротиба тарҷума шудааст.

Дар саҳифаи дигари рӯзномаи “Овози тоҷик” чопи Ӯзбекистон тахти унвони “Устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров”, ки аз рӯзи вафоти академик Ғафуров 43 сол гузашт, нигоштаеро мехонем. Дар он аз ҷумла омадааст: “…Суннатгароӣ  ва арҷгузорӣ  ба  таъриху  фарҳанги  ниёгон  Бобоҷон  Ғафуровро   маҳбуби   мардум  гардонд  ва  ӯро  мавриди  таваҷҷуҳ   ва  эҳтироми Устод  Айнӣ  қарор  дод. Устод  Айнӣ  эътимоди  комил  дошт, ки   Бобоҷон  Ғафуров  бо  дониши  баланд, созмондиҳии  хирадмандона  ва  бо истифода  аз  мақоми  баланди   хеш  дар  шинохти  таърихии  тоҷикон  корҳои  бузургеро  анҷом  дода  метавонад.  Ва  ҳидоятҳои   падаронааш  ӯро  дар  таҳқиқи  таърихи   халқи  тоҷик  беш  аз  пеш  рӯҳбаланду  шавқманд  менамуд  ва  зина  ба  зина  қуллаҳои  нави  илмро  фатҳ  мекард… 38-сол  дошт,  ки  асари калонҳаҷмаш  “Таърихи  мухтасари  халқи  тоҷик” ба  табъ  расид  ва  он  сароғози  омӯзиши  амиқи  таърихи  тоҷикон  гардид…Устод  Айнӣ соли  1948  ба  асари Бобоҷон Гафуров  тақризи  муфассал  навишт. Он аввал  дар  маҷаллаи   “ Шарқи  сурх ”  чоп  ва  баъдҳо  дар  ҳаҷми  30  саҳифа  дар  ҷилди  даҳуми  “Куллиёт”- и  устод  ҷой  дода  шуд. Эродҳои  зиёди  Устод  Айниро  муаллиф  бо  мамнуният  пазируфт  ва  дар  нашрҳои  минбаъда  онҳо  ислоҳ  гардиданд…

Овози Самарқанд

  Нашрияи “Овози Самарқанд”-и чопи шаҳри Самарақанд дар шумораи ахираш, ки 22-юми июл ба табъ расидааст, таҳти унвони “Қабри Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар куҷо?” матлаберо нашр кардааст.

Ин нигошта “Ба муносибати 145-солагии таваллуди маъорифпарвар Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ” руйи чоп омадааст, аз ҷумла омадааст, ки то ҳол дар самти таҳқиқи ҳамаҷонибаи мероси илмиву адабии Беҳбудӣ, баъзе воқеоти ҳаёти ӯ норавшананд ва бардоштҳо байни донишмандон ба таври гуногун аст. Ҳарчанд дар мавриди Беҳбудиро дар куҷо ба хок супурда буданд, як қатор ҳамсафони ӯ, аз ҷумла Абдурауф Фитрат, Садриддин Айнӣ, Ҳоҷӣ Муин ва дигарон пас аз вафоташ ҳаракат карданд, вале то ҳол бо гузашти як аср дар бораи хокҷойи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ як хулосаи дақиқ байни донишмандон вуҷуд надорад ва назарҳо гуногунанд, ки дар бештари маврид ҳамдигарро инкор мекунанд.

Ба навиштаи нашрияи “Овози Самарқанд” – “дар як шумораи газетаи «Ахбори Бухоро», ки 3-юми октябри соли 1923 чоп шуд, мақолае бо муаллифии устод Садриддин Айнӣ чоп мешавад. Дар мақола хабаре ба мазмуни «Қабри Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дарёфт гардида, корҳо бобати дар болои он гузоштани муҷассама давом дорад» интишор мегардад, вале пас аз нашри ин хабари пурсарусадо масъалаи дар куҷо ба хок супурдани Беҳбудӣ ва ҳамсафарони ӯ то ҳол ҳалли худро наёфтааст…”

Ҳоло доир ба аниқ кардани қабри Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ аз тарафи профессор Поён Равшанов, директори музейи давлатии таърих ва фарҳанги вилояти Қашқадарё Баҳодур Мамадиев, ворисони Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва як гурӯҳ эҷодкору адабиётшиносон корҳои ҷустуҷӯӣ оғоз гардидааст…

Дар интиҳои ин матлаб навишта шудааст, ки “дар асоси омӯхтани манбаъҳои гуногун, андешаҳои олимон, фикру мулоҳизаҳо умед аст, ки рӯзҳои наздик хокҷойи Беҳбудӣ аниқ карда мешавад…

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ тобистони соли 1919 дар майдони бекаси ба зиндони шаҳри Қаршӣ пайваста – дар даромадгоҳи ҳудуди аморати Бухоро ба қатл расидааст.

Роҳи маданият

Дар рӯзномаи “Роҳи маданият”-и чопи Кобул таҳти унвони “Толибон ва ДОИШ; Омили бештарини хушунатҳо алайҳи хабарнигорон” матлабе нашр шудааст. Нашрия бо такя ба гузориши Кумитаи  масунияти хабарнигорон навиштааст, ки  дар шаш моҳи соли 2020  гурӯҳи Толибон ва  ДОИШ бештари хушунатро алайҳ хабарнигорон дар Афғонистон анҷом додаанд. Яъне дар ин муддат 42 мавриди хушунат дар баробари рӯзноманигорони афғон сабт шудааст. Ду мавридаш бо қатл анҷом ёфтааст, 11 мавриди дигар бо ҷароҳатҳои мухталиф, шаш маврид бо лату кӯб, нӯҳ маврид тавҳин ва таҳқир, ҳафт маврид таҳдид, чор ҳолати ҳамла, ду ҳодисаи рабудан ва як мавриди дигар бо рафтор ғайриқонуни (яъне адами пардохти маош), аз ҷумлаи ҷурмҳоест, ки дар нимсолаи равон алайҳи журналистон сурат гирифтааст.

“Роҳи маданият”дар идома навиштааст, ки гурӯҳи террористии ДОИШ ва гурӯҳи Толибон 18  мавриди хушунати шадид ва сангин бо таҳдидоташ алайҳ хабарнигоронро анҷом додаанд. Дар зимн нашрия хотирнишон кардааст, ки рафторҳое, ки аз суи гуруҳҳои террористӣ алайҳи хабарнигрон бо ҷурмҳои мухталиф сурат гирифтаанд, ба маротиб шадидтар ва сангинтар аз аъмоли ҳукуматӣ будааст. Дар ин гузориш, Кумитаи масунияти хабарнигорон 13 ҳолати парвандаи хушунат алайҳи рӯзноманигронро ба афрод вобаста ба ҳукумат нисбат додааст.

Нашрияи “Роҳи маданият” таъкид намудааст, шиддатгирии хушунат алайҳи  хабарнигрон вазъи маҳдудият бар озодии баёнро ба вуҷуд овардааст. Ин дар ҳолест, ки ба тозагӣ, Сидиқ Сидиқӣ, сухангӯи Арги Президент гуфтааст: “ҳукумати Афғонистон аз меҳвари аслии «ҷумҳурият» , ки ҳамон озодии баён ва расонаҳост, дар гуфтугӯҳои сулҳ бо тамоми қувват дифоъ хоҳад кард. Ва толибон гузинаи дигаре надоранд ва беҳтар аст ин воқеият (озодӣ баён ва расонаҳо)-ро ҳазм кунанд”.

 Хайруллои Абдуваҳҳоб

Радиои “Тоҷикистон”