Дар  замони пандемияи COVID-19  дар  Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон   ягон нафар  омўзгор ба ин беморӣ сироят наёфтааст.  Дар ин бора,  имрўз зимни нишасти хабарӣ  ректори  Донишкадаи мазкур Маҳмадулло Раҷабзода ба рӯзноманигорон хабар дод.

Ҳоло дар Донишкадаи мазкур  357 нафар кормандон фаъолият  доранд, ки 54 дарсади  ҳайатро  занон ташкил медиҳанд.   Бинобар иттилои Маҳмадулло Раҷабзода  омўзгорони асосӣ дар ин махзани  илму маърифат 173 нафарро ташкил дода, 40 фоизи онҳо дорои дараҷаи илмианд. Новобаста аз вазъи кунунии пандемия  дар  шуъбаи  омодакунии  кадрҳои илмӣ  ва илмӣ-педагогии Донишкада 109 нафар магистрант таҳсил мекунанд.

                                         Гулрӯ Ниёзова

Радиои “Тоҷикистон”