Нуктаҳо аз нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радио

Имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар нишаст ба суолҳои сершумори доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки фарогири паҳлуҳои гуногуни соҳа буданд, раиси Кумита Нуриддин Саид ҷавобҳои мушаххас дода, вазъ ва дурнамои фаъолияти шабакаҳои телевизион ва радиоро таҳлилу баррасӣ намуд. Бо мақсади огоҳии комили хабарнигорон аз фаъолияти шашмоҳаи Кумита қабл аз суолу ҷавоб аз ҷониби муовини якуми раиси Кумита Субҳиддин Шамсиддинзода маълумоти фишурда пешниҳод карда шуд. Хабарнигорон пас аз шунидани маълумот оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва дигар сохторҳои шомили Кумита саволҳои хешро пешниҳод карданд.

Дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон дар бораи такмили ихтисоси кормандони соҳа раиси Кумита Нуриддин Саид иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 ба 64 корманди ВАО, аз ҷумла ба 48 намояндаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷумҳурӣ шаҳодатнома супорида шуд. Тибқи дастури раиси Кумита руйхати ихтисосҳо дар соҳаи телевизион ва радио омода карда шуд. Маълум гардид, ки дар соҳа 20 ихтисос вуҷуд дорад. Аз онҳо ҳамагӣ 3 ихтисос дар донишгоҳҳо омӯзонида мешаваду халос. Дар ин робита бо мактабҳои олии кишвар мукотибот идома дорад. Барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» намунаи барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои корӣ омода ва ба роҳбарияти Кумита пешниҳод шуданд. Дар Муассиса аз ҳисоби кормандони он ва беҳтарин олимону мутахасссиони соҳа Шӯрои илмӣ ва таълимӣ таъсис дода шуд.
Дар баробари ин, барои пурсамартар гардидани фаъолияти хабарнигорону муҳаррирон таъмини онҳо бо технологияи компютерӣ беҳтар карда мешавад ва дар ин самт низ корҳо давом дошта, таъмири бинои Хонаи Радио ва Бойгонии Кумита ҷараён дорад. Ҳамаи ин тадбирҳо барои дар сатҳи баланд таҳия ва пешниҳод кардани барномаю гуфторҳо буда, ҳадафи ниҳоӣ ҷалби ҳар чӣ бештари тамошобину шунавандагон ба радио ва телевизионҳои ватанӣ мебошад, таъкид намуд раиси Кумита.
Дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон оид ба беҳтар кардани сифати филмҳои ватанӣ ва пешгирӣ аз интишори филмҳои барои менталитети халқи мо бегона гуфта шуд, ки ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Кумита қарор дорад. Аз ҷумла, бо мақсади дар сатҳи баланд таҳия ва пешниҳод намудани барномаҳои калонҳаҷм ва филмҳои мустанаду ҳуҷҷатӣ дар Кумита Шӯрои бадеӣ амал мекунад. Шӯро дар шашмоҳаи аввали соли равон дар маҷмӯъ 55 лоиҳаи барномаи калонҳаҷми телевизиониву радиоӣ ва филмҳои мустанадро баррасӣ намуд. Ҳамзамон, Шӯрои таҳрири Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020 матни 22 барномаи калонҳаҷми идона, 12 видеоролик ва 10 сурудро таҳрир, такмил ва баррасӣ намуд.
Дар масъалаи фарогирии пахши рақамии барномаҳои радиоию телевизионӣ хабар дода шуд, ки фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои давлатии телевизион ва радио ба ҳолати 30.06.2020 дар ҳамаи телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ба 65,8% баробар шуд. Дар нимсолаи якуми соли равон дар 10 шаҳру ноҳия, аз ҷумла Роғун, Лахш, Рӯшон, Ёвон, Дарвоз, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб, ҷамоатҳои деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ва Ворухи ноҳияи Исфара фиристандаҳои гуногуниқтидори рақамӣ насб ва ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, дар деҳаи Негноти ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент 3 адад фиристандаи телевизионӣ барои шабакаҳои телевизиони “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, дар деҳаи Гиждараи шаҳри Панҷакент фиристандаи телевизионӣ барои пахши барномаҳои телевизиони “Сафина”, дар деҳањои Бодоми ноҳияи Роштқалъа ва Вери ноҳияи Шуғнон фиристандаҳои гуногуниқтидор барои барномаҳои телевизионҳои “Сафина” ва “Баҳористон”, дар ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав ду адад фиристандаи телевизионӣ барои пахши шабакаҳои “Телевизиони Тоҷикистон” ва “Сафина”, дар деҳаҳои Путовкули ноҳияи Лахш, Работи шаҳри Турсунзода ва ҷамоати Алисурхони ноҳияи Сангвор фиристандаҳо барои пахши барномаҳои “Телевизиони Сафина” насб ва ба истифода дода шуданд. Дар ин давра ба кумита дар асоси шартномаи ҳамкорӣ байни ширкати Yahlive кумаки техникӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рақамикунонӣ, мултиплексорҳо, модуляторҳо, қувватфизоҳо ва антенна бо қутри 5 метр ворид гардид.
Оид ба суолии дигари хабарнигорон дар бораи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо намояндагони ВАО-и давлатӣ аз 20-уми феврали соли 2019 гуфта шуд, ки дар ин самт Нақшаи чорабиниҳо қабул гардида, иҷрои он таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад. Аз ҷумла, Низомномаи Кумита дар таҳрири нав ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» пас аз гирифтани хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ирсол карда шуд, ки дар тамоми самтҳои фаъолияти соҳа ислоҳоти фарогирро пешбинӣ мекунад.
Раиси Кумита Нуриддин Саид ёдовар шуд, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Илм ва табиат» шабакаи нави телевизионӣ таъсис дода мешавад. Ҳамчунин таъсиси «Телевизиони сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ дар назар буда, бо мақсади таъсиси ин шабакаҳои телевизионӣ дар Кумитаи телевизион ва радио гуруҳҳои корӣ ташкил гардида, корҳо дар ҳама самтҳо оғоз ёфтаанд.
Хабарнигорон ба фаъолияти сомонаҳои интернети шабакаҳои телевизионию радиоӣ мароқ зоҳир намуданд ва аз ҷониби роҳбарияти Кумита иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи шабакаҳо дорои сомона ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро доранд. Аз ҷумла аз 15 – уми майи соли ҷорӣ сомонаҳои Радиои Тоҷикистон ва се шабакаи он дар тарҳу дизайни нав ба фаъолият шуруъ карданд. Ёдовар мешавем, ки имрӯз саҳифаҳои радиои «Тоҷикистон» ва шабакаҳои он дар фазои интернетӣ бо чунин ном фаъоланд: Радиои «Тоҷикистон» Radiotoj.tj, шабакаи «Фарҳанг» farhangfm.tj, шабакаи «Овози тоҷик» vot.tj, ва шабакаи «Садои Душанбе» sadoidushanbe.tj.
Дар маҷмуъ зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон паҳлуи фаъолияти соҳа сарфи назар нагардида, оид ба ҳама суолҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуд.
Хуршеди Абдуалим

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *