Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар дар нимсолаи авали соли 2020  ба 32,4 млрд. сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 3,5 фоизро ташкил дод. Афзоиши ММД дар ин давра аз ҳисоби рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,2 фоиз ва кишоварзӣ 8,2 фоиз таъмин гардид- гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода раиси  Бонки милии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ  дар натиҷаи пешбурди сиёсати мувозинати пулию қарзӣ ва босамар истифодабарии фишангҳои монетари сатҳи таваррум дар сатҳи нисбатан муътадил нигоҳ дошта шуда, дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 4,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин дар давоми шаш моҳи соли 2020 ҷиҳати танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ ва идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳаҷми 153,1млрд. сомонӣ амонатҳои шабонарӯзӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 маротиба зиёд мебошад.

Дар ин давра, 60 музоядаи фурӯши коғазҳои қимматноки Бонки Миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 7,3 млрд. сомон, баргузор гардид, иттилоъ дод Ҷамшед Нурмуҳаммадзода раиси  Бонки милии Тоҷикистон.

                                                              Гулрӯ Ниёзова

Радиои “Тоҷикистон”