Рафоқату ҳамгироӣ ва самимияти хоса аз хислатҳои ҳамидаи миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди ин, дар ҷомеаи мо баъзе падидаҳои номатлубе зуҳур кардаанд, ки аз байн бурдани он дар шароити муосир шарт ва зарур аст. Махсусан, мавҷудияти ҳисси маҳалгароӣ, ки дар байни бисёре аз ақшори ҷомеаи мо ба назар мерасад, феълан дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ мавриди нигаронӣ қарор мегирад. Варқа Зайниддинов, донишманди тоҷик, ки чанде пеш ин мавзўъро ба баҳс кашидааст, дар матлаби худ аз корбарон роҳҳову василаҳои истеҳкоми дўстиву меҳрубонӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллиро пурсон шуда, инчунин суол гузоштааст, ки чӣ кор кунем, то миллати мо маҳалгароиро аз сар дур кунад?

Як қадам барои беҳбудӣ, ки Ишон Вахёчӣ аз он ёдовар шудааст, ирсоли пайвастаи хонандагон аз мактаби як ноҳия ба ноҳияи дигар ба хотири таҷрибаомўзӣ ба шумор меравад, ки дар натиҷаи ин тасаввуроти ҳар хонанда тағйир ёфта, пас аз баргаштан ба зодгоҳи худ ҳатман аз некиҳои ҳамватанони худ қисса мекунанд. Бо ин васила дўстиву рафоқат ва иттифоқии миллат таҳкими бештар меёбад.

«Дар байни мардуми одӣ маҳалгароӣ вуҷуд надорад» – гуфтааст Давлатхоҷа Довудӣ. Ба бовари ў ҳисси маҳалчигӣ дар миёни аҳли зиёи кишвар низ реша давонидааст.

«Адами илму дониш омили аслии бурузи маҳалгароӣ дар ҷомеа мебошад» Ин нуктаро Оламафрўз Абдуллоев баён намуда, дар илова навиштааст, ки барои рафъи ин падидаи номатлуб кифоя аст, то ба илму дониш руҷуъ кунем.

Муҳаммадсолиҳ Саломов, яке аз иштирокдорони баҳс рафъи маҳалгароиро ногузир дониста, навиштааст, ки агар ҳар як шахс шуруъ аз худу оилааш мубориза барад, ин зуҳуроти номатлуб аз миёни ҷомеа решакан хоҳад шуд.

Амиршо Шоев зимни шарҳи худ навиштааст, ки бисёр мавзўи муҳим, ки мавриди баҳс қарор гирифтааст. Моро зарур аст, ки бо маҳву нобуд кардани ин падидаи нозарур миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ намунаи ибрат бошем, зеро миллати соҳибтамаддуни тоҷик аз аҳди қадим то ба ҳол бо илму фарҳанги воло аз дигар халқҳо як сару гардан боло меистод. Ҳарчанд баъзе халқиятҳо ба рушду нумуи ҳамаҷонибаи миллати тоҷик садд эҷод мекарданд, вале сарфи назар аз ин, мо тавонистем ҳамвора такя ба омўзиши илму ҳунар намоем. Ҳоло ҳам насли хурдсоли мо ба тарбияти ахлоқӣ ниёз доранд. Тасмими ҳар як волидайн бояд аз он иборат бошад, ки тарбияти фарзандро аз батни модар шуруъ намоянд.

Мусаллам аст, ки барои тарбияти миллат пеш аз ҳама занону модарон метавонанд таъсири хубу муассир гузоранд. Бо дарназардошти ин, Миркамол Давлатов, яке аз иштирокдорони баҳс навиштааст, ки сатҳи илму дониши занон дар кишвар бояд баланд бардошта шавад. Ин метавонад дар самти аз байн бурдани маҳалгароӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.  Тавре ки мегўянд: Агар мард ба тарбият фаро гирифта шавад, дар натиҷа як фарди ҷомеа ба такомули инсонӣ мерасад, агар зан соҳиби тарбият шавад, миллат тарбият меёбад.

Як истифодабаранда бо исму насаби Исфандиёр Яъқубов, тибқи қонун муқаррар кардани ҷазои сахт ба маҳалгароиро илоҷи кор донистааст. Ба назари ў, маҳалгароӣ шаъни ҳар як миллатро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ коста мегардонад.

«Азбаски ҳар як миллатро хатарҳои замони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ҳар лаҳза таҳдид мекунад, зарур аст, ки дар бораи миллат андешаи амиқ намоем» – гуфтааст як корбар дар интиҳои баҳси мазкур. «Маҳз бесаводиву бедонишӣ ва маҳалгароӣ барои ифротӣ гардидани ҷавонон замина мегузорад» – илова намудааст ин муаллиф. Ба бовари ў пешгирӣ аз фирори мағзҳо дар як фурсати кўтоҳ метавонад ин ҳама муаммоҳоро ҳаллу фасл намояд.

 Таҳияи Дилшоди Муҳаммад масъули

бахши “Афкор”-и барномаи “Бозтоб”