Тухмиҳои ватанӣ афзалият доранд?

Ба ақидаи бештари соҳибназарон касалиҳои зараррасони зироат аз хориҷа ворид мешавад, моро ин шабурўз мебояд, ки дар самти истифодаи тухмӣ эҳтиёткор бошем.Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки  хосилнокии баланди зироати кишоварзӣ дар баробари корҳои агротехникӣ аз сифати тухмиҳо низ вобастагӣ дорад. Яъне, тухмии хушсифат барои ба даст овардани ҳосили фаровони зироати кишоварзӣ мусоидат мекунад. Агар тухмӣ ба иқлими минтақа мувофиқ набошад, хосили дилхоҳ ба даст намеояд.

Дар ҳамин ҳол Саидҷамол Саидзода ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат мегўяд, ки «Тоҷикистон минтақаи аз ҷиҳати экологӣ тоза аст, аксари касалиҳои зараррасони зироатро аз мамолики берун мешавад. Масалан, мо аз худи Колорадо хашаротро оварда ба хок ворид кардем ва ё тавассути истифодаи тухмиҳои аз берун оварда, ки хориҷиҳо ба хотири хифзи растанӣ ба ҳуҷайраи гени растаниҳо бактерияҳои махсус  ворид месозанд, ба солимии ҷомеа таъсир мерасонем»

Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз ҷумлаи муассисаҳои илмие,  ба ҳисоб меравад, ки ба коркарди тухмии зироат ихтиссос дода шудааст.  Шоҳназар Ҷобиров- муовини директори Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ки навъҳои маҳаллӣ нисбат ба навъҳои гибриди воридшудаи хориҷӣ бамаротиб беҳтаранд.

Воқеан тавре коршинос Шоҳназар Ҷобиров иброз дошт, барои фаровонҳосилии зироат бояд аз навъи тухмиҳои маҳаллӣ бештар истифода карду агротехникаи парваришро риоя намуд.

Дар ҳамин ҳол Саидҷамол Саидзода ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат мегўяд, ки мо то ба ҳол иқтидори воқеии навъҳои дилхоҳ зироати ватаниро истифода накардаем.

Хамсуҳбати дигари мо Некрўз Ализода-мудири шуъбаи зироати кишоварзӣ, хўроки  чорво,  растаниҳои техникӣ ва равғандиҳандаи Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ки навъҳои маҳаллӣ ба ҳаргуна шароит, аз ҷумла гармшавии иқлим устувор буда, нисбат ба навъҳои селексионӣ бартарӣ доранд

Ба ақидаи бештари соҳибназарон касалиҳои зараррасони зироат аз хориҷа ворид мешавад, моро ин шабурўз мебояд, ки дар самти истифодаи тухмӣ эҳтиёткор бошем. Дар ҳамин ҳол Саидҷамол Саидзода ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат мегўяд, ки «Тоҷикистон минтақаи аз ҷиҳати экологӣ тоза аст, аксари касалиҳои зараррасони зироатро аз мамолики берун мешавад. Масалан, мо аз худи Колорадо хашаротро оварда ба хок ворид кардем ва ё тавассути истифодаи тухмиҳои аз берун оварда, ки хориҷиҳо ба хотири хифзи растанӣ ба ҳуҷайраи гени растаниҳо бактерияҳои махсус  ворид месозанд, ба солимии ҷомеа таъсир мерасонем»

Воқеан ҳам танҳо ҳамин ибрози назар кофист, ки аз оқибати бади истифодаи тухмиҳои хориҷӣ андеша кунем. Гузашта аз ин таҷрибаи кишоварзон нишон медиҳад, ки онҳо дар такя ба сифати тухмиашон дурнамои ҳосилро муайян мекунанд. Пас дар шароити кунунӣ, моро мебояд ба хотири таъмини амнияти ғизоӣ аз тухмиҳои ватанӣ ҳар чӣ бештар аз пештар истифода намоему корҳои агротехникиии парвариши зироатро дуруст ба роҳ монем. Зеро таъмини бозори истеъмолии мамлакат аз заҳмати кишоварзон вобастагӣ дорад.

Муродулло Раҳимов

Радиои «Тоҷикистон»

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *