Юнистрим яке аз низомҳои байналмилалии интиқоли асъор барои ирсоли пул ба Тоҷикистон тахфифи ҷори кардаашро тамдид намуда, онро такмил намуд.  Дар ин бора plusworld.ru дар истинод ба иттилои намояндагони ин система дар Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки тарофаи интиқол бо рубл қариб 40 фоиз коҳиш ёфтааст ва ҳамагӣ 0,95 фоизро ташкил медиҳад. Барои мизоҷоне, ки ирсоли интиқолро бо доллар ё евро анҷом медиҳанд,  меъёри комиссия 0%  гардидааст.  Имтиёзҳои мазкур то  моҳи август идома хоҳад ёфт.

Гуфта мешавад, ки гирандагонии тоҷикистонӣ  метавонанд маблағи интиқолиро аз дилхоҳ 1200 нуқтаи хидматрасонии Юнистрим, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Истаравшан ва дигар шаҳрҳо ҷойгиранд, дастрас кунанд.

Юнистрим сабаби пешниҳоди  меъёрҳои имтиёзнокро  ба “давраи душвор барои муҳоҷирони меҳнатӣ”  марбут донистааст: «Мо аз муштариён фикру мулоҳизаҳои зиёдро гирифтем ва қарор додем, ки меъёри имтиёзнокро дарозтар намоем. Дар ин давраи душвор муҳоҷирони меҳнатӣ ба дастгирии мо бештар эҳтиёҷ доранд. Дар ниҳоят, Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии интиқол аз Русия ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти Бонки марказии Федератсияи Русия, соли гузашта шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон тақрибан 2,6 миллиард доллар интиқол додаанд “- гуфтааст Шерзод Маҳмудов, ноиби президенти системаи байналмилалии интиқоли асъор  Юнистрим .

Аммо воқеияти чанд моҳи ахир дар масъалаи интиқоли асъор, махсусан аз  Русия ба Тоҷикистон нишон медиҳад, ки рақобат миёни  системаҳои интиқоли пул ва бонкҳо хеле шадид гардидааст.  Аз як ҷониб, ҳамагирии Ковид-19  интиқоли малбағро аз ин кишвар ба Тоҷикистон кам кард, аз сӯйи дигар карантин дар бисёре аз кишварҳо ирсоли маблағро ба воситаи бонкҳо коҳиш дод. Ин ҳолат фурсатеро барои Тоҷикистон офарид, ки бо эълони тахфиф ва муқаррар кардани кешбек ирсоли маблағҳоро ба воситаи ҳамёнҳои мобилӣ ва кортҳои бонкӣ тавқият бахшанд. Дар натиҷа  интиқол пул аз тариқи системаҳои интиқоли пул, ки асосан аз нуктҳои бонкӣ фиристодаву гирифта мешуданд, коҳиш ёфт.

Акнун рақобати танготанг натанҳо байни бонкҳои  Тоҷикистон ва системаҳои байналмилалии асъор, балки миёни худи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ватанӣ ҷараён дорад.  Ҳоло “Алифбонк”, “Душанбесисти”, “Эсхата”, Бонки байналмилалии Тоҷикистон  ва “Спитаменбонк” нисбатан дар тақвият бахшидани кортҳои миллӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ, пешсафанд.

Системаҳои байналмилалии интиқоли маблағ ҳам талош доранд, бо муқаррар кардани имтиёзҳо барои ирсоли пул, ҳамзамон тавсеа додани  хизматрасониҳои онлайнӣ  мавқеи худро дар майдони то ин камрақиб ба ҳолати товирусӣ устувор созанд.

Фирдавси Низом

Радиои “Тоҷикистон”