999 677кг маҳсулоти ғизоии пастсифат ба қайд гирифта шудааст

Дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ аз ҷониби кормандони Агентии стандартизатся дар нимсолаи яккуми соли 2020 дар 2081 ҳолат ба миқдорӣ 999 677кг маҳсулоти ғизоии гуногуни пастсифат ба қайд гирифта шудааст -гуфт зимни нишасти матбуоти Давлатзода Қудрат сардори Агентии стандартизатся, метрология, сертификатся ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои номбурда дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентии Тоҷикстандарт аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 418 071кг маҳсулоти гӯштӣ, 157 083кг равғани растанӣ, 7823 литр нӯшокиҳои сипиртӣ, 2345 нӯшокиҳои ташнашикан, 42533кг маҳсулоти қаннодӣ, 7715 кг маҳсулоти ширӣ ва намак, чой, иловагиҳои макаронӣ, меваи хушк, тухми мурғ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридоти ба ҳисоб мераванд, ғайри стандарти дониста шуда, мутобиқи тартиби муқаррар гардида нисбати воридкунандагони ин маҳсулот чораҳои чораҳои маъмури андешида шуданд. Инчунин илова карда шуд, ки вобаста ба назорат дар бозори истеъмолӣ аз тарафи нозирон як миқдор маҳсулоти ғайри хурокворӣ аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ аз қабили фурӯзонакҳои тафсон, фурӯзонакҳои кам масраф, бозичаҳо, маводи парфюмерӣ ошкор ва аз муомилот гирифта шуда, тибқи тартиби муқаррар шуда ба коркарди дубора ё несту нобутсозӣ равона карда шудаанд.

                                                                          Гулрӯ Ниёзова

Радиои “Тоҷикистон”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *