Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод кардааст, ки содироти шакар ба ҳудуди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё маҳдуд карда шуда, берун аз Иттиҳодия барои 12 манъ карда шавад.  Лоиҳаи фармони дахлдор рӯзи панҷшанбе дар портали федералии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр карда шудааст. Дар ин бора “Парламентская газета” нашрияи парлумонии Русия хабар додааст. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз харидоронии аслии шакари русӣ берун аз қаламрави Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё  ба ҳисоб меравад. “Вазорати кишоварзии Русия лоиҳаи фармоишро таҳия кардааст, ки давраи аз 1 августи соли 2020 то 31 июли соли 2021 (бо назардошти) ҳаҷми иҷозатдодаи содироти шакарро муайян мекунад. Шакари лаблабуи хом берун аз қаламрави гумрукии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар доираи иҷрои созишнома байни субъектҳои хоҷагидоре, ки ба истеҳсол ё фурӯши шакари сафед ва ё шакар лаблабуи хом машғуланд, ба миқдори 1000 тонна,  дар сол маҳдуд карда шавад”- омадааст, дар  хабари нашрия.

Ин дар ҳолест, дар моҳи апрел, ҳукумати Русия барои 5 соли оянда дар робита бо созишномаҳо байни истеҳсолкунандагон оид ба содироти шакар берун аз қаламрави гумрукии ЕврАзЭС истисноҳо муқаррар кард. Тибқи ин санад, тавлидкунандагони шакари сафед ё шакар лаблабуи хом метавонанд барои содироти ин маҳсулот иттиҳодияҳо таъсис диҳанд.

Вазорати кишоварзии Русия, дар навбати худ,  барои қонеъ кардани талабот дар бозори дохилӣ, ҳамасола на дертар аз 1 август ҳаҷми иҷозатдодаи содироти шакарро берун аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои 12 моҳи оянда муайян мекунад.

Мақомоти масъули ин кишвар гуфтаанд, ки дар шароити маҳдудиятҳо дар  таҳвили содироти шакар метавонад сатҳи истеҳсоли ватаниро нигоҳ дошта  талаботи бозори дохилиро бо шакар пурра қонеъ кунад.

Гуфта мешавад, ки  давоми  сол  Узбекистон (163,4 ҳазор тонна), Қазоқистон (156,6 ҳазор тонна), Озарбойҷон (143,6 ҳазор тонна), Тоҷикистон (119,1 ҳазор тонна), Украина (67 ҳазор тонна)  ва  Белорус (47,9 ҳазор тонна) шакарҳои русиро харидорӣ карданд, ки пешсафтаринҳо маҳсуб мешаванд.

Бо он ки аз маҳдудиятҳои содироти шакар аз Русия ба Тоҷикистон сухан меравад, маълум нест, ки ин ҳолат то куҷо ба арзиши ин маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои истеъмолии кишвар таъсир мерасонад.  Дар давоми марзбандиҳои идомадори ахир арзиши шакар дар фурӯшгоҳҳо чанд боло нарафтааст.